Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» бо мақсади муайян намудани мутобиқатии мансаби ишғолнамудаи хизматчиёни давлатӣ баргузор карда мешавад.
Дар ин замина, мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2008 №468 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ ва маъмурӣ» ҷиҳати муайян намудани мутобиқатии малакаи кории хизматчиёни давлатӣ аз ҷониби комиссияи дахлдори назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва намоянади Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аттестатсияи навбатии хизматчиёни давлатӣ гузаронида шуд.
Дар рафти гузаронидани аттестатсия аз хизматчиёни давлатӣ фаъолият, тибқи дастурамал ва уҳдадориҳои мансабӣ, донистани ҳатмии муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ пурсиш ба амал оварда шуд.