ҶАВОНОНИ НОҲИЯ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД   

print
 

 

 Дар  комиссарияти ҳарбии ноҳияи Файзобод  бахшида ба  рӯзи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  чорабинӣ баргузор гардид.  Дар чорабинӣ  Раиси ноҳия Файзобод роҳбарони мақоматҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ширкат варзиданд. Дар комиссариати даъватшуда бо мақсади адо намудани қарзи шарвандӣ  ҷамъ омаданд. Дар чорабинии   тантанавӣ, ки ба хотири гусели  наваскарон   барпо гашт,  раиси ноҳия Бобишо Холзода  сухан ронда, зикр намуд, ки даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардид. Ҷавонони шуҷову ғаюри ноҳияи Файзобод дар комиссариати ҳарбӣ ҷамъ омада, иброз доштанд, ки барои адои қарзи шаҳрвандии худ тайёранд. Дар ҳамин ҳол, наваскарон пеш аз гусел ба хидмати ҳарбӣ курси ронандагиро хатм намуда, ба онҳо ҳуҷҷати хонандагӣ супурда шуд.

Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Аз ин рӯ, ҳар ҷавони ба синни даъватӣ расида, бояд бо ифтихор ва сарафрозӣ бо иродаи қавӣ ва ҳисси баланди миллӣ ба дифои марзу буми Ватан омодагӣ гирифта, қарзи шаҳрвандии хешро дар назди Модар – Ватан иҷро намояд. Хизмат мактаби шарафу номус, мардонагию шуҷоатмандӣ буда, маҳз  обутоби бадан ва ҳамчун шахсият шинохташавии мард аз ҳамин  мактаб ибтидо меёбад.

Дар чорабинӣ  падару модарони наваскарон аз меҳру муҳаббат ва садоқат нисбат ба Ватан сухан карданд. Ҳунармандони бахши фарҳанг бо рақсу сурудҳои дилнишин наваскаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел намуданд.

Зикруллоҳ Раҷабзода

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

*

code