БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР НОҲИЯ

print
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 сентябри соли 2011, №1729, 7 августи соли 2023 нишасти матбуотӣ дар ноҳия, бо иштироки рӯзноманигорони ҷумҳурию маҳаллӣ, барои 6 моҳи аввали соли равон баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ муовини аввали раис, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, инчунин, роҳбарони ташкилоту идораҳо, шуъбаю бахшҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд. Сараввал раиси ноҳия рӯзноманигорон ба ноҳия хайрамақдам гуфта, барои ҳамкории судманд ва пурмасъул, ҷиҳати рушду нумуи иқтисодиёти иҷтимоиётӣ ноҳия, инъикоси васеъи корҳои ободонию созандагӣ дар 6 моҳи аввали соли сипаригашта изҳори миннатдорӣ баён намуда.
Сипас, раиси ноҳияи Файзобод Холзода Бобишо ба намояндагони ВАО пешниҳод намуданд, ки бо мақсади вақтро пура истифода бурдан, оғоз ба саволу ҷавоб кунем. Ҳаминтавр 1 соат саволу ҷабоб доир гардид. Ҳамчунин, дар фарҷоми нишасти матбуотӣ раиси ноҳия ба рӯзноманигорон барои иштирокашон изҳори сипос намуда, зикр карданд, ки мақсад аз гузаронидани нишастӣ матбуотӣ ин таъмини ошкорбаёнӣ, шафоффият, оид ба рафти иҷрои қарору фармонҳо, беҳтару хубтар ба роҳ мондани сифати кор, огоҳ гардидан аз фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва пурқувват намудани робитаҳои зичи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо васоити ахбори омма мебошад.

 

Шарҳи худро гузоред

*

code