БАРГУЗОРИИ ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

print

Санаи 4- уми июни соли равон дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ баргузор гардид.

Вобаста ба баргузории озмуни мазкур дар рӯзномаи маҳаллии “Набзи Файзобод” ва сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия https://faizobod.tj/ эълон ва нашр гардида, аз ҷониби 3 довталаб ба унвони раиси комиссия ҳуҷҷатҳои лозима пешниҳод гардид.

Зимни баррасии ҳуҷҷатҳо довталабон дар озмуни баргузоргардида ширкат варзиданд. Озмуни мазкур аз ҷониби ҳайати комиссияи озмун ба таври шаффофу одилона баргузор гардида, довталабоне, ки ба вазифаҳои интихобкардаашон лоиқ дониста шуданд, ба ишғоли мансабҳо пешниҳод шуданд.

 

Шарҳи худро гузоред

*

code