БИЁ ТО ДАСТИ ҲАМ ГИРЕМ!

print

  Ҳар куҷое бошем, ба ёди Ватан бошем, 

                         

Паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 масъалаи доғест, ки имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука овардааст. Мутаассифона, ин вабои аср ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ роҳ ёфта, ҷони садҳо ҳамватанонамонро ба хатар гузоштааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххасеро роҳандозӣ намуда, ин масъалаи муҳимро пайваста таҳти назорати қатъӣ қарор додааст.

Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои  самимии хеш аз ҳар як фарди ватандӯсту хештаншинос ва  бофарҳанги  миллати тоҷик даъват ба амал оварда, таъкид намуданд, бо истифода аз арзишҳои муқаддаси эътирофгардида ва дигар суннату  анъанаҳои писандидаи аҷдоду гузаштагонамон, барои ҳарчи зудтар ёфтани роҳҳои НАҶОТИ ИНСОНИЯТ аз ин мавҷудоти ноаёни самовӣ, вабои аср – Короновирус, ки  дарҳои кишварҳои зиёдеро ба рӯи ҳам баст, ҳавопаймоҳои зиёдеро ба замин нишонд, иртиботи заминиву ҳавоиро барои муддати номуайяне қатъ кард ва аз ҳама муҳим сабаби фоҷиаҳои инсоние шуд, ки даҳҳо ҳазор нафарро дар тамоми сайёра ба коми худ фуруд кашид, саҳми арзандаи худро гузоранд.

Маҳз дар ин давраи барои  кишвари биҳиштосоямон ҳассос Пешвои муззами миллат бори дигар ба миллати соҳибтамаддуни тоҷик дар Паёми табрикотиашон муроҷиат намуда, қайд карданд, ки ба хиради азалии мардум ва таҳаммулпазирии онҳо бовар дошт  ва бо иродаи қавию далерона бо забони шевои модарӣ баён доштанд, ки дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез бо мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар фикри ҳар як фарди Ватан ҳастам ва ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони мамлакат  тамоми тадбирҳоро андешида истодаам ва бо истифода аз эътиқод ба арзишҳои муқаддас ва баъдан ба сафҳаҳои дурахшони қаҳрамонию диловарии гузаштагонамон ҳарчи бештар такя намуда, исбот менамоям, ки роҳи интихобкардаи мо дар ҳамагуна масири ватансозиву ватандорӣ дуруст ва бомуваффақиятона мебошад.

Роҳбари давлат боз ҳам бо суханҳои гуҳарбори худ ёдовар шуданд, ки  дастоварди беназири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пеш аз ҳама солимии миллат ба ҳисоб меравад.

Таърихи  пурифтихори тамоми башарият баёнгари он аст, ки солимии миллат – ин рукни бисёр ҳам пуриқтидори рушду тараққии давлат аст ва дилхоҳ давлати дунё дар сояи миллати солим қомат меафрозад ва нумӯ мекунад.

Албатта, ин комёбиҳои беназир, пеш аз ҳама бо шарофати ғалабаи ақаллияти комил, зафари хайр ба шарр, баҳамойӣ ва муттаҳидии халқияту миллатҳои муқими Тоҷикистон, решакан ва берун намудани кинаву адоват аз қалби одамон ва аз ҳама муҳим  сарҷамъ гардидан дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мушарраф мегарданд.

Аз ин рӯ, замони он расидааст, ки вазъи тамоми давлатҳои ноорому носубот ва инқилобҳои бемантиқи кишварҳои мухталифи олам,  раванди бартариҷӯӣ, низоъҳои қавмӣ, мусаллаҳшавии бошитоб ва пайдоиши нишонаҳои марҳалаҳои нав бояд ба  ҳар яке аз мову шумо, хурду бузурги ҳамватанони азизу маҳбуб дарси ибрат бошад.

Бинобар ин, вазифаи муқаддас ва аввалиндараҷаи ҳар як фарди ҷомеаи мо имрӯз дар зеҳну шуури наслҳои наврас, алалхусус фарзандони худ тарбия намудани ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ, ҳидояти ӯ ба роҳи рост, одобу ахлоқи ҳамида ва азму талош ба омӯзиши илму дастовардҳои техника ва технологияҳои муосир ва бо итминону эътимоди комил неруву ғайрати худро баҳри ободии Ватан ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон равона кардан мебошад.

Хотирнишон бояд намуд, ки ҳар як халқияту миллат дар таърих вобаста ба шароити ҷуғрофию таърихии хеш, тамаддуни башарӣ  ва расму оин бо худ  мақому манзалати хос дорад.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар чунин шароити бисёр ҳассос новобаста аз синну сол, касбу ҳунар, мансаб, вазъи иҷтимоӣ, молу мулк бо истифода аз эҳтироми арзишҳои миллӣ ва  ашъори  бузургтарин  классикону шоирон дар бораи ҳифз ва таъмини сулҳу суботи Ватани хеш саҳми шаҳрвандии худро дареғ надорем.

 Миллате, ки дорои тамаддуни ҷаҳонӣ ва соҳиби ҳазорҳо шоиру нависанда бошад, чаро имрӯз Ватан ва асолати миллии худро ҳифз карда натавонад.

 Аз ин рӯ, роҳи пойдории сохти конститутсионии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату ягонагии миллату халқиятҳои маскуни кишвар, муттаҳидӣ  ва ҳалли масъалаҳои  рушду шукуфоӣ  Ватани азизамон пеш аз ҳама аз худи мову шумо ҳамватанони кишвар вобаста мебошад.

Фаромӯш набояд кард, ки инсон махлуқест, ки беш аз ҳар мавҷуди дигар хоҳиш ба ниёзҳои зиёди зиндагонӣ дорад, дар ҳоле ки, ниёзҳои воқеъии ҳар як инсони соҳибхирад, бояд пеш аз ҳама тинҷию оромии Ватан мебошад.

Ба қавли вориси ростини бузургони илму адаб:

Мешавад ҳар рӯзи ман оғоз бо номи Ватан,

Ё ки бо номи Ватан бошад, ҳама оғози ман.

Он қадар дар банд-банди ёди ӯ печидаам,

Бо ҳавову кӯҳу абру боди ӯ печидаам.

Ҷолиб ин ҷост, ки қисмате аз шаҳрвандони мо чӣ дар дохил ва чӣ берун аз хориҷи кишвар такя ба ниёзҳои нозарур намуда, эҳсоси сулҳу субот, ҳамрайъу ҳаммаромиро дарк намекунанд ва ба қадру манзалат, фаровонии неъмату сафо, хуррамиву пурбаракатии Тоҷикистони офтобрӯяамон намерасанд.

Сарчашмаи ин гуна ниёзҳои инсонҳои каммаърифату ҳавасхоҳ бешубҳа, пеш аз ҳама беэътиноию беназоратии волидайн ва устодони мактабҳои таълимӣ нисбат ба фарзандон, оилаи носолим, беодобу тундзабонӣ ба камол расидан дар оила ва ҷомеа мебошад.

Сойиби Табрезӣ барҳақ фармудааст:

Хишти аввал чун гузорад бар замин меъмор каҷ,

Гар расонад бар фалак, бошад ҳамон девор каҷ.

Рост шин Сойиб нахоҳӣ каҷ агар осори хеш,

Соя афтад бар замин каҷ, гар бувад девор каҷ.

Мутаассифона, баъзан мо худ шоҳиди баъзе аз ақидаю фикрҳои қисмате аз шаҳрвандони Ватанамон мегардем, ки сабабҳои  ақибмонӣ ё худ рушд накардани омили иқтисодии  оилаи худ, муҳоҷирати меҳнатӣ, сабз нагардидани таманниёту орзуҳои инсонии худ, тафаккури маҳдуд, таълимоти ҷаҳлона, боз нагардидани дари бахту саодати худ ва шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бахусус ҷавононро ба души ҳукумати  кишвар бор мекунанд, ҳоло он ки таҷрибаи омории дигар давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки ин раванд ё худ тамоюли муҳоҷират тӯли даҳсолаю садсолаҳо дар тамоми кишварҳои мутараққӣ дунё вуҷуд дошт ва идома дорад. Ҳарчанд вобастагии ин омилҳо пеш аз ҳама ба нерӯю қобилият, қавӣ будани эътиқоди мазҳабии ин тоифа ва ҳам эҳтироми онҳо ба арзишҳои суннатиашон вобаста мебошад, то ин ки онҳоро аз ин роҳҳои бад нигоҳ дорад.

Воқеан, имрӯз пӯшида нест, ки вақте ҳар яке аз мову шумо  берун аз  кишвар ба хориҷ  сафар мекунем, хоҳ нохоҳ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ё кӯчаю бозор, фурудгоҳ ва дигар ҷойҳои хоси ом аз паҳлӯи мардум гузар карда, шоҳиди дағалмуомилагию муносибати дурушти баъзе аз шаҳрвандони кишварамон мегардем. Дар ин маврид кас ангушти ҳайрат мегазад, ки ба ин миллати соҳибтамаддун чӣ шуда бошад? Куҷо шуд он ҳама ахлоқу одоби ҳамидаи шарқиёна?

Имрӯзҳо ҳар яке аз мову шумо шоҳиди он мегардем, ки шаҳрвандони мо новобаста аз ҷинс ва сину сол дар ҳузури калонсолон, занону модарон, дохили хатсайрҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба атрофиён эътиборе надода, бо лаҳни дурушт баланд якдигарро таҳқиру дашном дода, бо алфози қабеҳ бо ҳамдигар «суҳбат» мекунанд ва бо чунин овози гӯшхарошу баланд  садои мусиқӣ мешунаванд, ки кас аз ин рафтору одоби ғайриахлоқонаи инсонӣ ё чунин муносибат шарм медорад.

Новобаста ба сурати умумии демографию иҷтимоӣ, давлату ҳукумат талош ва тадбирҳо андешида истодаанд, ки барои шаҳрвандони худ дар ҳудуди Тоҷикистон  имконият ва шароитҳои арзандаи  кориро  муҳайё созанд.

 Ҳамчунин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгириву шароити мусоиди зиндагии арзанда, таълиму тарбияи дурусти фарзандон ва муҳайё сохтани заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодии шаҳрвандони худ пайваста чораҷӯӣ карда истодааст.

Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки тамоми хурду бузурги миллати соҳибтамаддуни тоҷик, сарфи назар аз он ки берун аз Ватан ҳам бошанд, аз  иллатҷӯию суханҳои зишт  нисбат ба  диёр ва ҳамватанони худ даст кашида,  пайи ислоҳи нуқсонҳои ҷомеа бошем ва дастаҷамъона аз як гиребон сар бароварда, барои бовариро дар зеҳнҳо парваридану пазируфтан ва ниҳоят дар фароҳам овардани фазои мусоид барои якдигар ва сатҳи зарурии зиндагонии оилаи худ саҳми арзандаи хешро гузорем, то ки бегонагон муштоқи миллату диёру меҳани зебои мо гарданд.

Одамон дигар бас аст ҷангу ҷидол, эҳсон кунед,

Ҳар дили озурдаро лутфан баҳористон кунед.

Кинаҷӯву бад набошед, ошиқи некӣ шавед,

Дар ҳама аҳволи ҳастӣ дӯстро пурсон шавед.

Давлатзода Музаффар Салим,

муовини вазири фарҳанги

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

         

 

 

 

 

 

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

*

code