Ба хотири арчгузоштани ситораи дурахшони ҳунари овозхонии тоҷик Дӯстмурод Алиев, муовинони раиси ноҳия ва мухлисону ҳаводорон ва муҳаққиқони санъат дар нази нимпайкараи ӯ гулчанбар гузоштанд.
Сипас, чорабинии консертӣ дар Филармонияи халқии ноҳия бо иштироки муовинони раиси ноҳия, намояндагони фарҳанги ҷумҳурӣ, рӯзноманигорон, шоирону нависандагон, ҳунармандон ва ҳаводорони устод доир гардид.
Чорабинии консертӣ бо суханронии муовини раиси ноҳия Махфират Рашидзода, оғоз ёфт. Ӯ таъкид кард, ки “бо гузашти солҳо ҳамоно ному ёди шодравон устод Дӯстмурод Алиев зинда аст ва сурудҳои хондааш ҳамоно дар забонҳо замзама мешавад”.
Дӯстмурод Алиев аз ахтарони нотакрори самои санъати овозхонии тоҷик аст, ки 19-уми апрели соли 1950 дар деҳаи Кабкрез (собиқ Муллобарот) – и ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Аз хурдсолӣ бо садои марғӯладораш дар дили ҳаводорон маъво ёфтаву беш аз пеш обрӯю эътибораш мефузуд.
Хатмкардаи факултети маданию маърифатии ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода (1974). Баъди адои хизмати ҳарбӣ, дар мактаби мусиқии бачагонаи зодгоҳаш ҳамчун муаллими рубоб ба фаъолият пардохт, нозукиҳои санъати мусиқиро ба шогирдон омӯзонд.
Дар идомаи чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия ва ҳамкорони устод бо шеъру тарона хотираи ин овозхони шинохтаро зинда нигоҳ доштанд. Онҳое, ки замоне шоҳиди ҳунарнамоии ӯ буданд, гуфтанд, Дӯстмурод на танҳо як сароянда, балки “як падидаи фаромӯшнашаванда дар эстрадаи тоҷик буд”.
Садояш то ҳол тавъам бо табиати дилрабои диёр, бо шилдироси оби мусаффои чашмаи Маҳҷон, бо қақраи кабкони Кабкрез дар умқи қалбҳои бедор танинандоз асту дилҳои шайдоро ба шӯр меорад. Ин садои нотакрор атои табиат буд, ки ҳар бори “Бимон ман мираму ту ҷовидон бошӣ” гуфтанаш таваллуди дигар аст.
Сарояндаи нотакрор Дӯстмурод Алиро мухлисону ҳаводорон ва муҳаққиқони санъат ҳамчун ситораи дурахшони ҳунари овозхонии тоҷик мешиносанду гиромӣ медоранд. Ҷавонмарде аз аҳли сахо, меҳмоннавоз, хоксор ва чеҳрахандон. Хислатҳои неки инсонияш буд, ки халқ ӯро дӯст медошту медорад.
Сурудҳои “Туро ман дӯст медорам” (шеъри Лоиқ), “Баҳор омад” (шеъри халқ), “Махзани дурдона” (шеъри А. Баҳорӣ), “Моҳи рухсорат” (ғазали Сайидо), “Ноз”, “Мастона ба ноз омадаӣ” (шеъри Кошиф), “Садқаи чашмони ту” (шеъри Ш. Ҳайрат), “Савсани ҳусн” (шеъри А. Воситзода) аз оҳангҳои ӯ буда, басо дилнишинанд.
Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1979).
Дар авҷи камолоти эҷодӣ 18 апрели соли 1989 аз дунё гузашт.