БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ЗАРКАМАР ВА ГУЛТЕППА ВОХӮРИИ СУДМАНД ДОИР ГАРДИД

print
 Тибқи нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бораи тақвият бахшидани корҳои идеологӣ ва маърифати ҳуқуқӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳои ноҳия дар робита ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, расонидани муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат ва фаҳмонидани моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» имрӯзҳо дар ҷамоатҳо бо сокинони ноҳия вохӯрӣ доир гардида истодааст. Дирӯз бо сокинони деҳаҳои Заркамари 1, 2 ва Гултеппаи Ҷамоати шаҳраки “30-солагии Истиқлол”- и ноҳия бо роҳбарии муовини раиси ноҳия Ҷунайдулло Каримзода вохӯрии судманд баргузор гардид.Дар вохӯри, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳия, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия, комиссарияти ҳарбии ноҳия, инчунин, намояндагони сохторҳои қудратии ноҳия иштирок ва суханронӣ карданд.Зимни вохӯрӣ масъалаҳои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва риояи қатъии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.    Ҳамчунин, дар вохӯрӣ масъалаҳои истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, муошират дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, коҳиш додани шиддати ҷинояткорӣ байни ноболиғону ҷавонон, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.Иброз гардид, ки дар ин давраи бисёр ҳам печида ва ҳассоси тағйирёбии вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои манфиатҷӯ нагарданд. Аз ин рӯ, падару модарон бояд фарзандонро ба хизмати Ватан-Модар омода намоянд.
Чунки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар ҷавони худогоҳи тоҷик шарафи бузург аст. Хизмати ҳарбӣ ҷавононро обутоб дода, солиму неруманд мегардонад ва онҳо минбаъд дар зиндагӣ устуворона қадам мениҳанд.

Шарҳи худро гузоред

*

code