Бо сокинони деҳоти Меҳробод Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд

print
 Бо мақсади таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16-уми декабри соли 2025, 29-уми январ дар Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Бахтиёр Худоёрзода, раиси ноҳия Мансур Каримзода, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия ва намояндагон бо сокинон вохӯрданд.
Раиси ноҳия оид ба нуктаҳои меҳварии Паём ибрози андеша карда, аз ҷумла баён дошт: «Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём яке аз масъалаҳои мубрами рӯзро зикр намуданд, ки ин зуҳуроти номатлуби замони муосир: терроризм, экстремизм, харидуфурӯши ғайриқонунии силоҳу маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мебошад. Ин ҳолат мо – шаҳрвандонро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти мамлакат диққати аввалиндараҷа диҳем. Чунки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус ҷавонон ва ба созмонҳои ифротӣ ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Суханони Пешвои миллат дар ин маврид моро водор месозад, ки ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, хусусан ҷавонон, диққати зарурӣ дода, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ тарбия намоем”.
Ҳамзамон, раиси ноҳия таъкид намуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди иншооти истеҳсолию саноатӣ дар ҳудуди ноҳия дастгирӣ карда шавад.
Бахтиёр Худоёрзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки бешубҳа, мардуми шарафманди тоҷик бо амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Сарвари давлат комёбиҳои нав ба нав ба даст меоранд ва дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, иқтисоду саноат ва илму фарҳанг пешравиҳои назаррас рӯйи кор меоянд. Ҳамчунин, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан рушди саноат ва некуаҳволии мардум қадамҳои устувор гузошта мешавад. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дастурҳои Роҳбари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, якдилона ба корҳои созандагӣ иқдом намоем.

Шарҳи худро гузоред

*

code