БО СОКИНОНИ КӮЧАИ РОЗИҚЗОДА ВОХӮРӢ ДОИР ШУД

print
Санаи 22-уми майи соли 2025 бо сокинони кӯчаи Розиқзодаи Ҷамоати шаҳраки Вашгирд бо усули «деҳа ба деҳа» оид ба шарҳу тавзеҳи Паём навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маҳсулот, пешгирии қонунвайронкунӣ дар самти истифодаи қувваи барқ, инчунин, риояи ҷашну маросим, тарғиби либоси миллӣ ва таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва дигар мавзъуҳои муҳим вохӯрии гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иборат аз муовини раиси ноҳия Ҷунайдулло Каримзода, роҳбарони ташкилоту муассиса ва фаъолон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин оид ба дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, ободии ҷумҳурӣ, ҳифзи амният ва оромии ҷомеа баён намуданд, сухан гуфтанд.

Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» бобати пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо байни ҷавонон, хурофотпарастӣ сухан гуфта шуд.

Масъулин зимни вохӯрӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, риояи намудани танзими анъана ва ҷашну маросим, инчунин, нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва анҷом додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар ин самт суханронӣ карданд.

Шарҳи худро гузоред

*

code