Бо усули «мактаб ба мактаб» бо омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии деҳоти Қалъаи Дашт мулоқот доир шуд
Тибқи нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо усули «мактаб ба мактаб» бо хонандагону омӯзгорон мулоқотҳо доир гардида истодааст.
Имрӯз чунин вохӯриҳо дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№25, 52 ва 9-и Ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашт бо иштироки муовини раиси ноҳия Махфират Рашидзода, мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомт Раъно Давлатзода, намояндагон аз шуъаб маориф, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, ва намояндагони дигар шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуда, оид ба дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, ободии ҷумҳурӣ, ҳифзи амният ва оромии ҷомеа баён намуданд, сухан гуфта шуд.
Зимни мулоқот муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи маориф» ва
«Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» фаҳмонида шуданд.
Инчунин, масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуб байни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирии онҳо аз ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, ҷалби падару модарон ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатмӣ будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсил ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон, дар мулоқот масоили пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи садоқат ба Ватан, хизмат намудан дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳ, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва иззату эҳтироми омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
