Бо усули «Мактаб ба мактаб» бо волидайн ва омӯзгорону хонандагон мулоқот доир шуд

print

Санаи 27.02.2026, тибқи нақша- чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор бо усули «Мактаб ба мактаб» бо волидайн ва хонандагону омӯзгорони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1 мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот муовини раиси ноҳия Махфират Рашидзода, мудирони шуъбаи маориф, занон, САҲШ ва шурои занони ноҳия иштирок намуда, оид ба дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, ободии ҷумҳурӣ, ҳифзи амният ва оромии ҷомеа суханронӣ карданд.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки мақсади вохӯрӣ пеш аз ҳама ин шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, пешгирии амалҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ, оворагардӣ, тақлиди фарҳанги бегона, ҳамчунин, риояи қонунҳои миллӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва таҳкими масъулияти шаҳрвандии онҳо мебошад.

Шарҳи худро гузоред

*

code