БОЗДИД АЗ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ

print
Имрӯз ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, раиси ноҳия Бобишо Холзода ва муовинони раиси ноҳия ва дигар масъулони шуъбаву бахшҳои назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз рафти корҳои сохтмонии иншооти ҷашнӣ шиносоии пайдо намуданд.
Ҳамзамон, Бахтиёр Худоёрзода ва Бобишо Холзода ҷиҳати дар сатҳи баланд ва бо сифати хуб бунёд намудани иншоотҳо бо масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод нақша чорабиниҳо тасдиқ гардидааст, ки он беш аз 140 иншоотро дар бар мегирад. Маврид ба зикр аст, ки қисми аз онҳо мавриди истифода қарор гирифт ва айни ҳол дар баъзе аз онҳо корҳои сохтмонӣ бо маром идомиа дорад. Иншооти мазкур ба соҳаҳои иҷтимоиот, фарҳанг, маориф тандурустӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншоотҳои гуногунсамт марбут аст.

Шарҳи худро гузоред

*

code