Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Мансур Каримзода, аз шарту шароитҳои хонандагони муассиса дидан карда, зикр кард, ки туфайли ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат заминаи моддию техникии муассисаҳои соҳаи маориф мустаҳкам гардида, шароити таълиму тарбия рӯ ба беҳбудӣ меорад. Яке аз нақшаҳои дурнамои соҳа, ки дар мадди назари ҳамешагии давлату Ҳукумат қарор дорад, ин баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми омӯзгор мебошад. Ба шарофати иқдомҳои ҳамешагии Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар мақоми омӯзгор дар ҷомеа торафт боло меравад ва ӯ чун раҳнамои аҳли ҷомеа эътироф гардидааст.
Ив раис ба аҳли маорифи ноҳия супориш доданд, ки барои баландбардории сифати таҳсилот, бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ба тадриси хонандагон кӯшиши бештар ба харҷ диҳанд. Ғамхориҳои Пешвои миллат вазифаҳои аҳли маорифро барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазир мушаххас менамояд.
Дафтари матбуоти раиси ноҳия