Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 3-уми феврали соли 2025, раиси ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 31, 40, 17 ва кӯдакистони №6-и Ҷамоати деҳоти Баҳор дидан намуданд. Зимни боздид раиси ноҳия дар муассисаҳои мазкур бо вазъи таълиму тарбия, омодагиҳо ба фасли зимистон, инчунин, аз шароити таълиму тарбия дар кӯдакистони №6 ва фарогирии кӯдакон дар кӯдакистони мазкур шинос гардиданд.
Ҳамзамон, вобаста ба боло бурдани сифати таҳсилот, иштироки бештари хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва дигар самтҳои соҳаи маориф ба масъулини шуъбаи маориф ва роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Мансур Каримзода, зимни боздид аз муассисаҳои таълимӣ ҳамроҳи омӯзгорон суҳбат намуда баён намуд: “Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ба таълиму тарбия, махсусан сифати таҳсилот диққати махсус дода мешавад. Аз ин рӯ, ҳар яки омӯзгоро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Пешвои миллат рисолати омӯзгории худро бо масъулияти баланд иҷро намоем”. Раиси ноҳия аз вазъи феълии муассисаҳои таълимӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки таваҷҷуҳу дастурҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва илм хеле зиёд аст. Ба ин хотир, омӯзгоронро мебояд, ки дар ҷавоб ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат рисолати омӯзгории худро бомасъулият иҷро намоянд.