Санаи 11- уми августи соли равон дар доираи иштирок дар ҷаласаи сайёри Шӯрои миллӣ барои инкишофи барвақтии кӯдакон, ки дар ноҳияи Файзобод доир гашт, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ аз маркази саломатии деҳаи Лолагӣ дидан карданд.
Қобили зикр аст, ки дар ин сафар муовини Сарвазири мамлакатро Зулфия Давлатзода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷидӣ Юсуф, муовини аввали вазири молия, Ҳабибулло Хайруллозода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Каримзода Равшан, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мансур Каримзода раиси ноҳия ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Зимни боздид Дилрабо Мансурӣ бо фаъолияти муассисаи тандурустӣ шинос гашта, ҳамзамон, бо кормандони соҳа суҳбат намуданда,
таваҷҷуҳи онҳоро ба масъалаҳои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҷалб намуд.