5 август сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон идома ёфт. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Ашқобод якҷо бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба шаҳри Туркманбошӣ ташриф оварданд.
Зимни суҳбати самимӣ дар тайёра сарварони давлатҳо дар фазои эҳтирому эътимод масъалаҳои минбаъдаи ҳамкориро баррасӣ карданд.
Дар доираи сафари давлатӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бандари баҳрии байналмилалии Туркманбошӣ боздид намуданд.
Дар даромадгоҳи бинои маъмурии бандар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти он самимона истиқбол гирифтанд.
Нахуст, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба фаъолияти бисёрсамтаи бандари баҳрии байналмилалӣ, имконоти техникӣ, ҳамкории тиҷоратӣ бо дигар кишварҳо ва паҳлуҳои мухталифи кори ин марказ маълумот доданд.
Зимни шиносоӣ бо бандари баҳрӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти он ҷиҳати ташкили ҳамкории пурсамар оид ба интиқоли молу маҳсулоти Тоҷикистон, истифодаи ин марказ барои баромадан ба бозорҳои кишварҳои дигар ва ба роҳ мондани воридоту содироти маҳсулоти мухталифи Тоҷикистон суҳбати самимӣ доир карданд.
Таъкид гардид, ки ба роҳ мондани робита ба воситаи бандари баҳрии байналмилалии Туркманбошӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкиму тавсеаи муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар самти ҳамкории соҳаи нақлиёт гардида, барои ҳар ду ҷониб судовар хоҳад буд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати нақлиёт, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва ба роҳбарияти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” оид ба истифодаи пурсамари ин бандар дастуру супоришҳо доданд.
Ёдовар мешавем, ки аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, дар баробари дигар санадҳои нави ҳамкорӣ, байни ду кишвар Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеи карбогидридӣ ба имзо расиданд.