БОЗДИДИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ АЗ БЕМОРХОНАҲОИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД
Бо мақсади шиносоии пайдо намудани хизматрасонии тиббӣ ва ҷараёни рафти табобати беморон 10 марти соли равон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва раиси ноҳия Холзода Бобишо аз хизматрасониҳои беморхонаи марказии ноҳия ва аз шуъбаи Беморхонаи бемориҳои сироятӣ дар Ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод боздид намуданд.
Ҳамчунин, Ҷамолиддин Абдуллозода, аз рафти табобати як қатор беморон ва хизматрасонии тиббӣ шинос шуда, барои боз ҳам хуб бароҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ёдовар бояд шуд, ки беморхонаи бемориҳои сироятӣ дар деҳоти Мискинобод аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша бунёд ёфт. Дар сохтмони он беш аз 20 сокини маҳаллӣ ҷалб шуда буд. Тибқи лоиҳа, беморхона дорои 17 ҳуҷра ва 50 кати хоб буда, дар баробари ба истифода додани он беш аз 20 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Бояд гуфт ки беморхона 27 сентиябри соли 2021 бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 30–солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Файзобод Бахтиёр Худоёрзода ба муносибаи Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода дода шуд.
З. РАҶАБЗОДА