ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ 30- СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

print
Санаи 5 ноябри соли 2024 дар толори Филармонияи халқии ба номи Нигина Раупова, бо иштироки раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва меҳмонони сатҳи гуногун чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси ноҳия Мансур Каримзода суханронӣ намуда, сокинони ноҳияро ба ин санаи муборак табрик карданд. 

Гуфта шуд, ки бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакат ба марҳилаи нави бунёдкорӣ ворид гардида, рукнҳои давлатдорӣ тақвият ёфтанд.   Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз, ки ба низоми давлатсозӣ, зиндагонии босаодати халқ, ҳуқуқу озодиҳо, ҳифзи арзишҳои миллӣ, баробарӣ, кору таҳсил, эътиқоди динӣ ва ҳама паҳлуҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ равона гардидааст, барои ҳар шаҳрванд ва сокинони мамлакат санади сарнавиштсоз маҳсуб мешавад.

 Инчунин, барномаи фарҳангии бахши фарҳанги Мақомоти иҷорияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид.

 

Шарҳи худро гузоред

*

code