Имрӯз дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Файзобод бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи байналмилалии футбол чорабинии тантанавӣ доир шуд.
Дар чорабинӣ роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Файзобод, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Бахтиёр Худоёрзода, раиси ноҳия Мансур Каримзода, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия, намояндагони касбу кори гуногун гирандагони стипендияи президентӣ ва стипендияи раиси ноҳия, ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ ва варзишгарони номбардори ноҳия иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳия Мансур Каримзода ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол кулли ҷавонони кишваро, бахусус, ҷавонони Меҳандӯсти ноҳияро ба ин муносибат табрик гуфта ва зикр намуданд, ки шумо ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа далерона фаъолият намуда, дар пешрафти Ватани азизамон, аз ҷумла ноҳияи Файзобод ҳиссаи муносиб мегузоред, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат карда, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоед ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми назаррас мегузоред.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ баён дошт, ки таҷлили ин санаи муҳиму сарнавиштсоз дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Ӯ афзуд, ки саҳми ҷавонон дар рушди устувори ҷомеа назаррас буда, дар тамоми самтҳо пешсаф ва ташаббускоранд.
Ҳамчунин, гуфтан ба маврид аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон, дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Ҷавононро зарур аст, ки дар баробари равандҳои ҷаҳонишавӣ бо афкору ақидаи солим, садоқату ватандӯстӣ ва ҳисси ифтихор аз ҳуввияти миллии хеш устувор бошанд. Чуноне давлату Ҳукумат ба ҷавонон такя карда, онҳоро ояндаи халқу пойдории миллат меноманд, онҳо низ бояд баҳри ҳифзи марзу буми Ватан ва рушду нумуи он ҳамеша ҳушёру омода бошанд.
Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ бозии дӯстонаи футбол байни дастаҳои Ҷамоати деҳоти Ҷавонон ва Ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиев баргузор гардид, ки бо маҳорати баланд ва ҳамбастагии хуб, дастаи Ҷамоати Дӯстмурод Алиев ғолиб омада, сазовори Ҷоизаи “автомобил” гардид.
Баъд аз супоридани шоҳҷоиза, роҳпаймоии ҷашнӣ бо иштироки ҷавонон ва варзишгарон аз маркази ноҳия сурат гирифт, ки дар он ҳисси ифтихор аз давлату миллат ба таври равшан эҳсос мегардид.
Дар охир, барномаи фарҳангии бошукӯҳ, ки дар толори Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова баргузор гардид, ки дар он ҷавонон бо рақс, суруд ва саҳнаҳои тарбиявӣ шуълаи ҷашнро дучанд намуданд.
Дар фазои тантанавӣ ба як қатор ҷавонони фаъол, гирандагони стипендияҳо, варзишгарон ва волонтёрон барои саҳми назарраси худ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ифтихорнома ва сипосномаҳои раиси ноҳия супорида шуданд.