ДӮСТМУРОД АЛИЕВ

print

Садои марғуладори ӯ ҳанӯз ҳам дилҳоро тасхир кардаву таскин мебахшад. Дар баробари истеъдоди нотакрор одамияти баланд ва хоксорию саховатпешагиаш дар хотироти дӯстону наздикон ва ихлосмандони ҳунараш боқӣ мондааст. Умри зиёд надид, вале зиндагии кӯтоҳи ӯ худ як китоб аст. Дар деҳа мезист ва зиндагии хоксорона дошт. Дар баҳор омаду баҳорон рафт…
Дӯстмурод Алиев, Ҳунар-пешаи халқии Тоҷикистон, 19-уми апрели соли 1950 дар деҳаи Кабкрези ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1974 хатм мекунад. Баъди хатми Донишкада ба хидмати аскарӣ меравад. Соли 1975 роҳбари бадеии дастаи ҳунарии Хонаи маданияти ноҳияи Файзобод таъин шуд ва то охири умр ин масъулиятро бар дӯш дошт. Дӯстмурод Алиев аз зумраи маъруфтарин овозхонҳои солҳои 1970-1990-ум эътироф шудаву маҳбуб буд.
«Дӯстмурод Алиев гарчанде умри кам дид, вале аз худ мероси ғании маънавию фарҳангӣ боқӣ гузошт. Ӯ дар ду даҳаи фаъолияти эҷодиаш беш аз 200 тарона сурудааст», – мегӯяд бародараш Раҷабмурод Алиев.
Асоси сурудаҳои Дӯстмурод Алиевро васфи Ватан, фидокориҳои мардуми шуҷоатманд, тараннуми муҳаббати поки инсонӣ ва ғайра ташкил медиҳанд. Яке аз сурудҳои маъруфи ӯ “Бимон” аст, ки дар замони зинда буданаш бисёр шуҳрат ёфта буд ва имрӯз низ ҳаводоронаш онро зам-зама мекунанд:
Бимон ман сӯзаму ту дар амон бошӣ,
Бимон ман мираму ту ҷовидон бошӣ…
Дӯстмурод Алиев бо вуҷуди сарояндаи машҳур будан, хислати ҳавобаландӣ надошт, бо ҳама як буд, бештар бо мардуми одӣ шишту хез дошт, деҳотро дӯст медошт. Агар ба базме таклиф мешуд, барвақттар мерафт. Намехост мардум интизор шавад…
Дӯстмурод Алиев суруди «Модар»-и Зафар Нозимро чанд бор бозхонӣ кардааст. Боре дар як базм бо устод Зафар Нозим вомехӯрад. Устод рубоби худро ба Дӯстмурод медиҳаду мегӯяд: «Суруди «Модар»-ро дар ҳузури худам хон». Мегӯянд, вақте Дӯстмурод Алиев ин сурудро мехонд, Зафар Нозим сар меҷумбонду рӯ сӯи осмон мекард. Дар охир Зафар Нозим баландгӯякро мегираду мегӯяд: «Ин бача моро гузашт-ку, қоил кард». Ба ин баҳои додаи Зафар Нозим ҳама дар ҳайрат мемонанд ва ба ҳунари Дӯстмурод Алиев дурудароз кафкӯбӣ мекунанд.
Дӯстмурод Алиев ғайр аз сарояндагӣ, ҳунари актёрӣ ҳам дошт, дар саҳнаҳои театрӣ нақш офаридааст. Лекин умр ба ин ҳунарманди ҷавон вафо накард.
Охирин консерташ соли 1988 дар шаҳри Кӯлоб баргузор шуд. Баъдан, ба бемории дарди гурда гирифтор мешаваду саҳнаро тарк мекунад. 18-уми апрели соли 1989, як рӯз пеш аз зодрӯзаш аз олам чашм мепӯшад.
«Вақте ҳамсарам аз дунё гузашт, ман ҳамагӣ 34 сол доштам ва бо ҳашт фарзанд дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон мондам…», – ба ёд меорад ҳамсари Дӯстмурод Алиев.
Як сол пас аз маргаш дар ноҳияи Файзобод маҳфили «Дӯстмуродхонӣ» ташкил намуданд, ки аз тамоми манотиқи кишвар дӯстону ҳампешагон ва шогирдону ҳаводорон иштирок карданд. Ин иқдом чанд сол давом намуд.
Ба хотири ёди ҷовидонааш имрӯз дар ноҳияи Файзобод Мактаби санъати ноҳия ва як Ҷамоати деҳот номи ӯро дорад. Дар зодгоҳаш, дар шоҳроҳи Ваҳдат – Файзобод нимпайкараашро гузоштаанд.
Дӯстмурод Алиев ҳарчанд умри кам дид, вале шогирдони зиёде тарбия намуд, ки имрӯз ба ӯ пайравӣ мекунанд. Фарзанди хурдиаш Наврӯз Алиев низ пайрави падар буда, чароғи ҳунари ӯро фурӯзон нигоҳ медорад.

Бознашр аз «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 28.08.2025 №: 167
Таҳияи Фирӯзи АЛИШЕР

Шарҳи худро гузоред

*

code