ДАР НОҲИЯ 300 НИҲОЛИ ДАРАХТОНИ ҲАМЕШАСАБЗИ САНАВБАР ШИНОНДА ШУД

print

Имрӯз бо мақсади сабзу хуррам намудани муҳити зист дар шафати роҳҳои Ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод беш аз 300 ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи санавбар шинонида шуданд.
Дар ҳашари ниҳолшинонӣ роҳбарияти ноҳия, кормандон ташкилоту идораҳо ва сокинони ҷамоати мазкур низ фаъолона иштирок намуда, ниҳолшинонӣ ва сабзу хуррамгардонии шафати роҳро ва кӯчаҳоро тадбири муҳим барои беҳтар кардани муҳити зист донистанд.
Раиси ноҳия Мансур Каримзода, барои интихоби замин, ниҳол, тарзи шинонидан, нигоҳубин ва ба воя расонидани ҳар ниҳоли шинонида ба масъулин тавсияҳои судманд доданд. Иброз доштанд, ки корҳо бояд тибқи тавсияи олимони соҳа ва риояи меъёрҳои агротехникӣ гузаронида шаванд.
Гуфта шуд, ки амалисозии чунин тадбирҳо на танҳо ба ҳусни ноҳия зебоии нав зам мекунад, балки барои беҳтар гардидани сифати ҳаво низ муфид мебошад. Хусусан, дар фасли тобистон ҷойҳои сарсабз ва кӯча роҳои  сердарахт барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон хеле зарур мебошанд.
 Имрӯзҳо сокинони заҳматкаши ноҳия аз рӯзҳои мусоид истифода намуда, дар канори шоҳроҳ ва дигар минтақаҳо шинонидани ниҳолҳои сӯзанбарг, санавбар ва сояафканро тибқи маслиҳати мутахассисон ва қоидаҳои агротехникӣ вусъат мебахшанд.
Раиси ноҳия ба масъулин барои идома додани корҳои ниҳолшинонӣ, нигоҳубини дарахтон ва сарсабз нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳо, канори шоҳроҳ ва минтақаҳои истироҳатию фароғатии ноҳия супоришҳо доданд.

Шарҳи худро гузоред

*

code