Дар ноҳия барои дар сатҳи баланд гузаронидани интихобот машварати омӯзишӣ доир гардид
Чанде пеш дар толори Филармонияи халқии ноҳияи Файзобод ба номи Нигина Раупова, оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва комиссияҳои ҳавзавии вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот машварати омӯзишӣ доир гардид.
Дар машварат намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ба тариқи озод, шаффоф ва бо риояи қонунҳои амалкунанда гузаронидани интихоботи дар пешистода сухан гуфтанд. Ҳамзамон, раисони ҳавзаҳо ва учаскаҳои интихоботӣ ва дигар аъзои участкаҳои интихоботӣ ба саволҳои хеш посух гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳия барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлиси вакилони халқи ноҳия омодагиҳо идома доранд.
Аз тарафи комиссияҳои участкавӣ тамоми масъалаҳои вобаста ба интихоботи дар пешистода мавриди ҳаллу фасл қарор дошта, корҳо тибқи талаботи қонунгузорӣ ҷараён доранд. Ҳамаи комиссияҳои участкавӣ бо маводи зарурӣ таъминанд. Инчунин, тибқи дастурамали Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихобкунандагоне, ки бинобар вазъи саломатӣ иштирокашон дар интихобот инкомннопазир мебошад, қуттиҳои сайёр омода мегарданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки барои маъюбон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, кабинаи алоҳидаи овоздиҳӣ бо нишонаи аломати маъюбӣ ташкил гардидааст.
Дар ин самт аъзои комиссия дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоти ҷамъиятии маъюбон дар ҳамкориянд ва баҳри таъмини ҳифзи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлиси вакилони халқи шаҳр тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Ҳоло бо мақсади ба аҳолӣ фаҳмондани моҳияти интихобот ва нуқтаҳои асосии қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» аъзои комиссияњои дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҳифзи ҳуқуқ дар маҳалҳои аҳолинишин вохӯриҳо доир намуда истодаанд.