Ҷиҳати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва инчунин, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» имрӯз бо хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №18-и деҳаи Сомониён ва №19-и деҳаи Устошамс ва волидайни онҳо вохўрӣ доир гардид.
Вохӯрӣ бо иштироки роҳбарияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва маъсулони касбу кори гуногун баргузор шуд.
Ҳамзамон, дар он таъкид шуд, ки ватандӯстӣ дар қатори эҳтиром ба арзишҳои миллӣ яке аз қисматҳои фарҳанги халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватандӯстӣ арзиши меҳварӣ буда, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» иқдоми наҷиб ва натиҷаи дастгирию татбиқи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.
«Бо қабули қонуни мазкур низоми дахлдори тарбияи ватандӯстӣ ташаккул ёфта, дар заминаи сохторҳои мухталиф дар ин самт тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд. Қабули қонун, хусусан, дар шароити мавҷудияти зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таассуби бегонапарастӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, тақозои замон ва вусъати саривақтии корҳо оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар чаҳорчӯби танзими ҳуқуқӣ арзёбӣ мегардад», -иброз дошта шуд зимни вохӯрӣ.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ масъулин ба волидони хонандагон тавсия доданд, ки вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандиии худро хуб дарк намуда, фарзандонро бо роҳи рост, омӯзиши илму ҳунар ва ободониву созандагии Ватани азизамон- Тоҷикистон ҳидоят намоянд.
Тазаккур дода шуд, ки волидон бояд аз ду ниҳод мактаб ва ҷомеа дида, бештар ба тарбияи фарзандони худ таваҷҷуҳ намоянд ва онҳоро ба интихоб намудани касбҳои ба бозори меҳнат ҷавобгӯй равона намоянд.