Чанде пеш бо мақсади сабзу хуррам намудани муҳити зист дар шафати роҳҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев, беш аз 100 дарахтони ҳамешасабзи санавбар шинонида шуданд.
Дар ҳашари ниҳолшинонӣ роҳбарияти ноҳия, кормандон ташкилоту идораҳо ва сокинони ҷамоати мазкур низ фаъолона иштирок намуда, ниҳолшинонӣ ва сабзу хуррамгардонии шафати роҳро ва кӯчаҳоро тадбири муҳим барои беҳтар кардани муҳити зист донистанд.
Раиси ноҳия Мансур Каримзода, барои интихоби замин, ниҳол, тарзи шинонидан, нигоҳубин ва ба воя расонидани ҳар ниҳоли шинонида ба масъулин тавсияҳои судманд доданд. Иброз доштанд, ки корҳо бояд тибқи тавсияи олимони соҳа ва риояи меъёрҳои агротехникӣ гузаронида шаванд.
Гуфта шуд, ки амалисозии чунин тадбирҳо на танҳо ба ҳусни ноҳия зебоии нав зам мекунад, балки барои беҳтар гардидани сифати ҳаво низ муфид мебошад. Хусусан, дар фасли тобистон ҷойҳои сарсабз ва кӯча роҳои сердарахт барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон хеле зарур мебошанд.
Раиси ноҳия ба масъулин барои идома додани корҳои ниҳолшинонӣ, нигоҳубини дарахтон ва сарсабз нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳо, канори шоҳроҳ ва минтақаҳои истироҳатию фароғатии ноҳия супоришҳо доданд.
Бояд гуфт, ки то имрӯз дар ноҳия 4200 бех дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шудааст.
Барои беҳдошти муҳити зист, аз ҷумла шинонидани ниҳолҳо ва сабзазоркунӣ дар дигар ҷамоату мавзеъҳои ноҳия ҳашарҳо пешбинӣ гардидаанд. Бояд гуфт, ки дар ноҳия 12 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида мешавад
Сокинони ноҳияи Файзобод иқдом гирифтаанд, ки дар мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ фаъолона иштирок намуда, дар ободонию хуррамгардонии ноҳия саҳми арзанда гузоранд.
Ин иқдом дар асоси иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар ноҳия идома дорад.