ДАР НОҲИЯ МУЛОҚОТ БО ХОНАНДАГОН ВА ВОЛИДАЙНИ ОНҲО ДОИР ШУД

print
Бо мақсади омӯзиши ҳамаҷонибаи Паёми навбатии Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳру тавеҳи он, инчунин, ҷиҳати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» имрӯзҳо бо хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ва волидайни онҳо вохӯрӣ доир гардида истодааст. Чанде пеш чунин вохӯрӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия Махфират Рашидзода роҳбарияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Оятулло Раҷабзода ва маъсулони касбу кори гуногун дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ва №43 баргузор шуд.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, соҳаҳои обу энергетика, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ, саноатикунонии мамлакат, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги аҷдодӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва дигар мавзуъҳои муҳимро фаро мегирад.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки ватандӯстӣ дар қатори эҳтиром ба арзишҳои миллӣ яке аз қисматҳои фарҳанги халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватандӯстӣ арзиши меҳварӣ буда, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» иқдоми наҷиб ва натиҷаи дастгирию татбиқи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.

«Бо қабули қонуни мазкур низоми дахлдори тарбияи ватандӯстӣ ташаккул ёфта, дар заминаи сохторҳои мухталиф дар ин самт тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд. Қабули қонун, хусусан, дар шароити мавҷудияти зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таассуби бегонапарастӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, тақозои замон ва вусъати саривақтии корҳо оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар чаҳорчӯби танзими ҳуқуқӣ арзёбӣ мегардад», -иброз дошт, – Оятулло Раҷабзода.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ масъулин ба волидони хонандагон тавсия доданд, ки вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандиии худро хуб дарк намуда, фарзандонро бо роҳи рост, омӯзиши илму ҳунар ва ободониву созандагии Ватани азизамон- Тоҷикистон ҳидоят намоянд.
Тазаккур дода шуд, ки волидон бояд аз ду ниҳод мактаб ва ҷомеа дида, бештар ба тарбияи фарзандони худ таваҷҷуҳ намоянд ва онҳоро ба интихоб намудани касбҳои ба бозори меҳнат ҷавобгӯй равона намоянд.

Шарҳи худро гузоред

*

code