ДАР НОҲИЯ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ “ОИЛАИ БЕҲТАРИН” МУАЙЯН ШУД

print

Санаи 13-уми майи соли 2025 дар толори Филармонияи халқии ноҳия ба номи Нигина Рауфова даври ноҳиявии озмуни “Оилаи беҳтарин” бо иштироки 9 оилаи беҳтарин аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Файзобод баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки озмуни «Оилаи беҳтарин» бо мақсади тақвияти мақом ва нақши оила дар ҷомеа тавассути роҳҳои баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳимми иҷтимоӣ, фарҳангӣ, нигоҳдорандаи анъанаҳои миллӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ дар муносибатҳои оилавӣ баргузор мегардад.
Ҳадафи озмун баланд бардоштани рӯзгордории оилаҳо, солим, устувор ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ ва бесарпаноҳ мондани фарзандон, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва ҳидояти онҳо ба нигоҳубин ва парастории волидайн мебошад.
Иштирокчиёни озмун аз рӯйи меъёрҳои оилаи намунавӣ дар маҳалли зист, эҳтироми ҳамдигар ва аъзои оила дар муносибатҳои оиладорӣ, шароити мусоиди муҳайёгардида барои таълими фарзандон, забондонӣ ва иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, таъмини иштироки фарзандон дар озмунҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ, ҷалби фарзандон ба забономӯзӣ ва дуруст баён намудани фикру ақида баҳогузорӣ карда мешаванд. Инчунин, дар озмун ба ҷалби фарзандон ба хизмати Ватан, саҳми оила дар ободонии хона, кӯча, шаҳрак ва маҳалла, иштироки аъзои хонавода дар корҳои ҷамъиятӣ ва фардӣ, нақши оила дар ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва саҳми оила дар пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа баҳо гузоршта шуд.
Ҳайати ҳакамон маҳорату малака ва истеъдоди ҳар як оиларо баҳогузорӣ намуда, ҷойи аввалро ба беҳтарин оила аз Ҷамоати деҳоти Ҷавонон оилаи Ризоевҳо муносиб донистанд. Оилаи Ризоевҳо бо Дипломи дараҷаи як қадрдонӣ шуда ва ба даври озмуни ҷумҳуриявӣ рохат гирифт.

Шарҳи худро гузоред

*

code