Тавре қаблан хабар дода будем, дар ноҳия мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии “Ҳомии Ватан” ба муносибати Ҷашни 30 – уми солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкори бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, шуъбаи маориф, комиссариати ҳарбӣ, кумитаи ташкилоти мададгори мудофиа ва ШВКД- и дар ноҳия мусобиқаи варзиши идома дошт. Имрӯз даври ноҳиявӣ дар толори варзишии Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии” ноҳия доир гардид. Дар мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ “Ҳомии Ватан” 7 даста аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия иштирок намуданд.
Иштирокчиён аз 7 намуди варзиши миёни писарону духтарон баромад намуда, маҳорати худро ба ҳайати ҳакамон нишон доданд, дар натичаи баҳогузории ҳайати ҳакамон дастаҳои беҳтарин муаян гардид, ҷой якум ба МТМУ №8, ҷойи дуюм №59 ва ҷойи сеюм №1 насиб шуд. Ҳамчунин, ба як қатор муассисаҳо барои фаъолияти хуб нишон доданашон бо сипосномаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия қадро шуданд.
Бояд гуфт, ки рӯзи 23 феврал 30 – юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Филармонияи халқии ноҳия ба номи Нигина Рауфова ҷашн гирифта мешавад, ки дар чорабинии мазкур ғолибони мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ “Ҳомии Ватан” аз тарафи раиси ноҳия муҳтарам Холзода Бобишо Нарзулло бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки мақсад аз чунин мусобиқаҳоро баргузор намудан, ин ҳисси ватандӯстии хонандагони муассисаҳои таълимиро баланд бардоштан ва бо мақсади омода намудани онҳо ба хизмати Ватан-Модар мебошад.
Дафтари матбуоти раис ноҳия