Дар арафаи Иди Модар чанде пеш, раиси ноҳия Мансур Каримзода ба аёдати модарони куҳансоли ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳои ноҳия рафта, модаронро ба муносибати Рӯзи Модар шодбош гуфта ва ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супурданд.
Зимни дидорбинӣ таъкид карда шуд, ки модар қиматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Ҳамчунин, дар хусуси таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону модарон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа изҳори назар карданд.
Бо тантанаву шукӯҳи хоса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба модарону бонувон мебошад. Зеро нақши онҳо дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Ҳамзамон, модарони рӯзгордида ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхорӣ ба занону модарон арзи миннатдорӣ намуданд. Раиси ноҳия Мансур Каримзода, дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дастгирии занонро дар мадди аввал гузошта, баҳри кумаку ғамхории онҳо ҳамеша ёри мерасонанд.