ФАЙЗОБОД: “Арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ”

print

Таҳти чунин унвон чанде пеш бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо сокинони ноҳияи Файзобод вохӯрӣ доир гардид. Дар он Рудобаи Мукаррам, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Умеда Абдуллозода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлаталӣ Давлатзода, узви Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Бобишо Холзода раиси ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Вохӯрӣ бо сухани ифтитоҳии Бобишо Холзода оғоз шуд. Сараввал меҳмононро ба ноҳияи файбори Файзобод, хайрамақдам гуфта, баргузори чунин вохӯриҳоро дар шароити тазодҳои ҷаҳони муосир, шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ ва шакли нав касб кардани раванди ҷаҳонишавӣ амри муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Рудобаи Мукаррам вобаста ба мавзуҳои пос доштани фарҳанги миллӣ, ҳифзи асолату ҳувият, забон, маданият, таърих, инчунин, эҳё ва гиромидошти анъанаҳои мардумӣ ва дигар масъалаҳои марбута баромад намуд. Ҳамзамон, гуфт, ки дар ҷаҳони имрӯз бо таъсири омилҳои манфии раванди мураккаби ҷаҳонишавӣ фарҳангу тамаддун ва ҳувияту асолати миллии мо зери хатар қарор гирифтааст. Вобаста ба ин, моро мебояд, ки насли навро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ тарбия намуда, бо ин роҳ бар муқобили ғояҳои манфии ҷаҳонишавӣ қотеъона мубориза барем.
Ҳамчунин, дар идомаи чорабини Умеда Абдуллозода баён дошт, ки “оила яке аз унсурҳои асосии фарҳанги миллии мо ба шумор рафта, нақши он дар тарбияи инсон, ташаккулу шаклгирии маданияти миллӣ ва гиромидошти суннату анъанаҳо бағоят бузург арзёбӣ мегардад.”
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат мақому манзалати Зан-Модар дар ҷомеа дар сатҳи баланд қарор дорад ва занону бонувони тоҷик барои пешрафту инкишофи тамоми соҳаҳо ва инчунин, ҳифзу гиромидошти одату анъанаҳои миллӣ талошу ирода нишон медиҳанд.
– Халқи тоҷик аз қадим дорои урфу одати баланд, маданияти шаҳрсозиву шаҳрнишинӣ ва фарҳанги баланди маънавӣ буд, аммо бо таъсири равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва таҳоҷуми фарҳангиву мазҳабӣ як қатор дастовардҳои мадании халқ аз байн рафт. Имрӯз бошад, бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва зери ҳидоятҳои Пешвои фарҳангпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои гузаштагони пурифтихорамон бо имрӯз пайванд гардида, халқи тоҷик дубора ба мақоми фарҳангмеҳварӣ сазовор гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар шахси ватандӯсту меҳанпарастро зарур аст, ки дар самти тарғиби фарҳанги миллӣ ва ҳифзу гиромидошти асолати он аз хатарҳои ҷаҳони муосир иқдом намояд,- гуфт Давлаталӣ Давлатзода.
Дар хотимаи чорабинӣ аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба китобхонаи ноҳия ҷилдҳои силсилакитоби “Ваҳдат, Давлат, Президент” туҳфа карда шуд.

Шарҳи худро гузоред

*

code