ФАЙЗОБОД АВЛАВИЯТ БА ПЕШРАФТИ КИШОВАРЗИЮ ЧОРВОДОРӢ

print

Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии хоҷагии халқи ноҳияи Файзобод ба ҳисоб рафта, барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти баландсифат, афзун гардондани имкониятҳои содиротӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ нақши асосӣ дорад.
Аз ин лиҳоз, заҳматкашон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, бо риояи технологияи пешқадами агросаноатӣ ва истифодаи тухмиҳои хушсифат кишти картошка, сабзавот, ғалладона ва зироатҳои техникиро ба роҳ монда, ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокӣ тадбирҳои судманд меандешанд.
Ҷаҳонбек Амонализода, муовини аввали раиси ноҳияи Файзобод, зимни суҳбат гуфт, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 53 миллиону 707,6 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз як миллиону 790 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Баҳри амалӣ намудани дастурҳои Пешвои миллат бо заҳмати кишоварзон дар ин давра майдони кишти зироатҳо бамаротиб афзуд. Айни ҳол корҳои саҳроӣ, аз ҷумла шудгор, кишти ғалла, сабзавоту картошка, шинондани ниҳолҳо ва бунёди боғҳо бомаром идома доранд.
Боиси зикр аст, ки иқлими ноҳияи Файзобод барои парвариши меваҳои гуногун, хусусан нок, себ ва гелос, мувофиқ буда, дар соҳаи боғпарварӣ дар ҷумҳурӣ маъруфу машҳур аст.
– Ноҳия бо мавқеи ҷойгиршавӣ ва иқлими мусоид барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ дорои имкониятҳои хуб мебошад. Айни замон дар 6902 гектар боғу токзор парвариш меёбад. Барои нигоҳубини мева 3 сардхона бо ғунҷоиши 280 тонна мавҷуд аст. Соли сипаригардида дар онҳо беш аз 180 тонна мева захира шуд. Дар баробари ин, бештари боғпарварон меваҳои худро дар хона нигоҳ медоранд.
Соҳаи чорводорӣ низ, аз самтҳои муҳим ба ҳисоб рафта, дар ноҳия ба он диққати ҷиддӣ медиҳанд. Хоҷагиҳо дар се моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 848 тонна гӯшт, 4417 тонна шир, 16 миллиону 28 ҳазор дона тухм истеҳсол карданд.
Саршумори чорвои калон дар давраи ҳисоботӣ ба 46484 сар, чорвои хурд ба 114576, асп ба 1780 ва паранда ба 448945 сар расид, ки нисбат ба семоҳаи соли гузашта саршумори ҳамаи онҳо афзудааст. Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ 8688 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 866 оила зиёд аст. Инчунин, зиёда аз 20 хоҷагӣ ба моҳипарварӣ машғул буда, то ин давра 7 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол кардаанд.
Заҳматкашони ноҳияи зебоманзари Файзобод баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, дар самти зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва фаровонии бозори истеъмолӣ саҳми худро мегузоранд, – зикр кард Ҷ. Амонализода.

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА,
“Ҷумҳурият”

Шарҳи худро гузоред

*

code