ФАЙЗОБОД. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ

print

Бо мақсади бештар тарғибу ташвиқ намудани моҳияти Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯзҳо дар шаҳраку деҳоти ноҳияи Файзобод нишасту маҳфилҳо, вохӯрию мулоқотҳо доир мегарданд. Фаъолон ва ходимони дин суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин мулоқот гаштаю баргашта мехонанд, муҳтавояшро ба ҷавонон мефаҳмонанд ва дар иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат чорабиниҳои муфидро роҳандозӣ менамоянд.
Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, бо мақсади тақвият бахшидани корҳои таблиғотӣ, тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар якҷоягӣ бо муассисаҳои дахлдор, имомхатибони масҷидҳо дар тамоми ҷамоатҳои ноҳия вохӯриҳо доир намуда истодаанд. Чанде пеш ҳамин гуна маҳфил бо ширкати Мансур Каримзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод, бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор баргузор гашт.
Мансур Каримзода зикр кард, ки мо бояд суханони Роҳбари кишварро, ки ба хотири дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо ва беҳгардонии сатҳи зиндагии мардум аст, сармашқи кори худ намоем. Ҳар як ҳарфи Пешвои миллат ба фоидаи мардум буда, ҳидоят ба роҳи рост ва зиндагии осуда мебошад. Тавре ки Сарвари давлат зикр карданд: «Мо набояд фаромӯш кунем, ки қонунҳои миллии мо қонуни одӣ не, балки як ислоҳоти маънавию иҷтимоии кишвар буда, фазои мафкуравӣ ва ҳаёти иҷтимоии мардумро аз хурофоту таассуб озод менамоянд».
Мавсуф таъкид сохт, ки вазифаи аслии мо васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии ҷавонон аст, то ки онҳо ба доми хурофотпарастон, террористону ифротгароён наафтанд. Ҷавонон бояд чун ватандӯсти асил ба воя расанд, баҳри ҳимояи Ватан-Модар ҷонбозиҳо намоянд, ифтихор аз Тоҷикистони биҳиштосо дошта бошанд, дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзанда бигиранд. Мо бояд пеши роҳи қонуншиканиву исрофкорӣ, тарғиби либосҳои бегона, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротиро бигирем. Дар ин масир ҳар шахси худогоҳу ватандӯстро мебояд аз худ нақше гузорад.
–Баҳри ҳамаҷониба тарғибу ташвиқ кардани муҳтавои суханронии Пешвои миллат дар ноҳия ситоди махсус ташкил гардид. Аъзои он мекӯшанд, ки дар асоси супоришҳои Пешвои миллат дар ҳамдастӣ бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дин ба хотири возеҳ фаҳмондани масъалаҳои муҳим бештар дар байни ҷавонон кор баранд; ҷинояткорӣ, тақлид ба либосҳои бегонаро пешгирӣ намоянд, фарҳанги дурусти истифодабарии телефонҳои мобилиро шарҳ диҳанд, – зикр кард Мансур Каримзода.

Бознашр аз рӯзномаи “Ҷумҳурият”

Шарҳи худро гузоред

*

code