Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи оқилонаи неруи барқ дар толори Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Файзобод, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Бахтиёр Худоёрзода, раиси ноҳия Мансур Каримзода, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия ҳамоиш доир гардид.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки тибқи тағйироти ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ воридшуда, ҳангоми риоя накардан ва вайрон кардани қоидаву меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ истеъмолкунанда ба ҷавобгарӣ (ҷарима ва ё аз озодӣ маҳрум) кашида мешавад. Аз ин хотир, ҳар шаҳрванд вазифадор аст, ки аз неруи барқ ва гармӣ самаранок истифода бурда, дар баробари ин, маблағи истифодаи онро сари вақт супорад.
Раиси ноҳия Мансур Каримзода гуфт, ки аз ҷониби сохторҳои идеологии ноҳия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки неруи барқ, расондани муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи қувваи барқ ва риояи талаботи қонунгузорӣ мунтазам байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешаванд.
Таъкид шуд, ки истифодаи самараноки неруи барқ, пардохти саривақтии маблағ ва истифода бурдан аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар сокини мамлакат ба ҳисоб меравад.
Аз гурӯҳҳои тарғиботӣ даъват ба амал оварда шуд, ки барои истифодаи самараноки барқ ва гармӣ байни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шаванд.
Дар ҳамоиш ба сокинон усулҳои сарфаи неруи барқ ва талаботи қонунгузорӣ барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ фаҳмонда шуд.
Изҳор гардид, ки сарфаю сариштакории неруи барқ ба манфиати мардум буда, ба ғанӣ гардидани буҷети оилаҳо ва давлат мусоидат менамояд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА,
“Ҷумҳурият”