Ҳамасола бо натиҷагирӣ ва муайян намудани нақшаву барномаҳои мукаммал, ки ба рушди босуботи Тоҷикистони маҳбуб ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинон мусоидат менамояд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паём ба Маҷлиси Олиро ироа менамоянд. Паёми Сарвари давлат – ҳамчун санади роҳнамову меҳварӣ – бурду бохти тамоми ҷанбаҳои фаъолияти мақомоти давлативу ҷамъиятиро фаро гирифта, дар заминаи он ҳадафҳои рушд дар тамоми соҳаҳо мушаххас мегарданд.
Ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (16. 12. 2025), 28-уми январи соли 2026 дар Ҷамоати деҳоти Бӯстон роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, раиси ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода, муовинони раиси ноҳия, намояндагони сохторҳои қудратӣ, сардорони раёсату шуъбаҳо ва дигар намояндагон бо сокинони деҳоти мазкур мулоқот доир гардид.
Мансур Каримзода, оид ба нуктаҳои меҳварии Паём ибрози андеша карда, аз ҷумла баён дошт: «Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём яке аз масъалаҳои мубрами рӯзро зикр намуданд, ки ин зуҳуроти номатлуби замони муосир: терроризм, экстремизм, харидуфурӯши ғайриқонунии силоҳу маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мебошанд. Ин ҳолат мо – шаҳрвандонро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти мамлакат диққати аввалиндараҷа диҳем. Чунки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Суханони Пешвои миллат дар ин маврид моро водор месозанд, ки ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат, хусусан ҷавонон, диққати зарурӣ дода, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ тарбия намоем”.
Ҳамзамон, раиси ноҳия масъалаи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатиро мавриди баррасӣ қарор дода таъкид намуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни фархунда иншиоотҳои истеҳсолии хусусияти саноати дошта дар ҳудуди ноҳия дастгири карда шаванд. Зимни мулоқот доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва анҷом додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар ин самт, истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва рӯёнидани ду ҳосил, инчунин, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо кишти зироатҳо, вазъи муассисаҳои маориф ва тандурустӣ дар деҳот, таъминоти онҳо бо лавозимоти хониш, корҳои ободонию созандагӣ, сатҳу сифати иншооти бунёдшаванда, пардохти саривақтии андозҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ ва иҷтимоӣ баён доштанд.
Гуфта шуд, ки Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар барои сокинони мамлакат ҳуҷҷати муҳим ба шумор рафта, он дар баробари таҳлил ва баррасии фаъолияти соҳаҳои гуногун дар соли сипаригашта, инчунин, нақшаҳои амал барои рушди фаъолияти минбаъдаи ҷабҳаҳои гуногуни мамлакатро дар бар мегирад.
Бахтиёр Худоёрзода, зимни суханрониашон ба аҳолӣ таъкид намуд, ки бешубҳа, мардуми шарафманди тоҷик бо амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комёбиҳои нав ба навро ба даст меоранд ва дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, иқтисоду саноат ва илму фарҳанги мамлакат пешравиҳои назаррас рӯи кор меоянд. Ҳамчунин, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан баҳри рушди саноати ватанӣ ва некуаҳволии мардум қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дастурҳои Роҳбари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, якдилона иқдом ба корҳои созанданамоем.
Баён гардид, ки истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, сатҳи ҷинояткорию қонуншикани миëни ҷавонон пешгири карда шуда, сифати таҳсилот, интизом ва тарбияи дурусти ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ зиëдтар эътибор дода шавад. Сокинони ноҳия бо боварӣ иброз доштанд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро сармашқи кору пайкори зиндагии худ қарор дода, барои ободу зебо гардонидани як гӯшаи Ватани худ саҳм мегузоранд.