ФАЙЗОБОД. БОЗ ЯК ГӮШАИ ВАТАН РӮЗ БА РӮЗ ОБОДТАР МЕШАВАД

print

Ноҳияи Файзобод ба монанди дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамарӯза симояшро дигар мекунад. Дар ин ҷо ба пешвози Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ босуръат идома доранд. Ҳар нафаре, ки ба шаҳраку деҳоти ноҳия қадам мегузорад, шоҳиди дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мегардад. Мардуми заҳматпеша ҳама комёбиҳо: бунёди биноҳои серошёнаи истиқомативу маъмурӣ, мактабу беморхона, боғча, варзишгоҳҳо, толорҳои зебоиофар, боғу роғҳои доманфарохро аз шарофати сиёсати хирадмандона, созанда ва ташаббусу иқдомҳои дурбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонад.
Маҳз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ноҳия пироҳани тоза ба бар гирифт, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ривоҷу равнақ пайдо карданд.
Вобаста ба ҷараёни иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ раиси ноҳия Мансур Каримзода, андешаҳояшро ба хабарнигори “Ҷумҳурият” чунин баён намуд:
– Қобили зикр аст, ки мувофиқи нақшаи корҳои ободонӣ ба пешвози 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия бояд наздик ба 215 бинову иншооти таъиноташон гуногун сохта шавад, ки қисме аз онҳо, аллакай, мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар сохтмони иншооти ҷашнӣ саҳми соҳибкорон, шахсони саховатманд ва аҳолӣ назаррас мебошад. Созандагиҳо ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва варзиш, рост меоянд. Инчунин, бунёду навсозии марказҳои хизматрасонӣ, биноҳои баландошёна, роҳу маҳаллаҳо ва гузарондани хатҳои оби ошомиданӣ на танҳо дар маркази ноҳия, балки дар деҳот ҳам ҷараён дорад. Боиси хурсандист, ки пешравиҳо дар ҳамаи соҳаҳо ба назар мерасанд.
Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ, ҳамчунин, сенздаҳ деҳаи чор деҳот бо фарогирии 2520 хоҷагӣ бояд бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин шавад. Арзиши умумии лоиҳа 4,4 миллион евроро ташкил медиҳад, ки аз он 1,8 миллион қарзи имтиёзноки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, 2,6 миллион евро гранти Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария мебошад. Барои омода ва тарҳрезии лоиҳа, ҷудо намудани кумаки техникӣ дар ҳаҷми 800 ҳазор евро низ пешбинӣ гаштааст. Татбиқи лоиҳа соли 2026 ба анҷом мерасад. Ҳамзамон, дар ноҳия 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 22,8 миллион доллари ИМА амалӣ шуда истодааст. Маблағи умумии азхудшуда дар шаш моҳи соли ҷорӣ 3,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии хоҷагии халқи ноҳия ба ҳисоб рафта, барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти баландсифат, афзун гардондани имкониятҳои содиротии ноҳия ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ нақши асосӣ дорад.
Ҳамин аст, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 155 миллиону 7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 1,6 ҳазор сомонӣ беш аст.
Ноҳия бо мавқеи ҷойгиршавӣ ва иқлими мусоид барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ дорои имкониятҳои хуб мебошад. Айни замон дар хоҷагиҳои ноҳия беш аз 6300 гектар боғу токзор парвариш меёбад, ки 424 гектари онро токзору тутзор ташкил медиҳад. Бештари хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, ки зиёда аз 3728 ҳазорро ташкил менамоянд, ба боғдорӣ машғуланд.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 131,3 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби Вазорати нақлиёт 305 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Аз ин ҳисоб 48 километр роҳ таъмири ҷорӣ ва 4,8 километр роҳ сангфарш шуд. Инчунин, аз тарафи аҳолӣ ва соҳибкорон ба маблағи ду миллион сомонӣ роҳҳо ба масофаи 2,6 км мумфарш ва 2,1 км сангфарш гардиданд. Ҳамзамон, аз ҳисоби аҳолӣ айни ҳол роҳи деҳаи Заркамар таъмир гардида истодааст.
Хулоса, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва мардуми заҳматдӯст амалҳои созандаву бунёдкоронаро минбаъд низ бо ҳидояту раҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома бахшида, садоқатмандона баҳри дар амал татбиқ кардани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои барномаҳои давлатӣ, истиқболи арзандаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои судманд меандешанд ва дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ, пешрафти корҳои ободониву созандагӣ, таъмини зиндагии шоистаи сокинон, шукуфоии кишвари азизамон саҳм мегузоранд.

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.09.2025 №: 177

Шарҳи худро гузоред

*

code