Аҳмадшоҳ Тавакалов, роҳбари муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Файзобод, дар суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфт: “Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон марказу бунгоҳҳои саломатии деҳот, ки чандсолаҳо таъмирро надида буданд, тармим шуданд”. Ба гуфтаи мавсуф, то кунун 14 маркази саломатии деҳот аз таъмир бароварда шуда, айни ҳол сохтмони маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Чашмасор идома дорад. Инчунин, дар маркази ноҳия сохтмони бинои ёрии таъҷилӣ дар ҳолати анҷомёбист. Иншооти мазкур аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд ва дар сохтмони он 20 сокини маҳаллӣ ҷалб гардид.Маврид ба зикр аст, ки таъмири марказҳои саломатӣ бо маблағгузории Лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” ба роҳ монда шудааст.Бознашр аз рӯзномаи “Ҷумҳурият”

