ФАЙЗОБОД: МАСЪУЛИН БО СОКИНОН БО УСУЛИ «ДЕҲА БА ДЕҲА» ВОХӮРӢ БАРГУЗОР НАМУД

print

Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар деҳаи Дубеда бо усули «Деҳа ба деҳа» бо сокинон  оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маҳсулот, инчунин, риояи анъана ва ҷашну маросим, тарғиби либоси миллӣ, риояи фарҳанги истифодабарии неруи барқ, оид ба ҳуқуқи инсон ва таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ мулоқоту суҳбатҳо баргузор карданд.
Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Ҷунайдулло Каримзода, мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Идибек Собирзода, мудири бахши занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Раъно Давлатзода ва дигар намояндагон иштирок ва суханронӣ карданд.
Ҷунайдулло Каримзода, вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанг, бахусус фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, риояи намудани танзими анъана ва ҷашну маросим суханронӣ карданд. Иброз гардид, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои асосие мебошанд, ки гурӯҳу ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ бо истифода аз онҳо ва паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан наврасону ҷавононро, ки ҳолати равониашон ҳанӯз комил нест, ба сафи худ ҷалб менамоянд. Барои ба доми фиреби онҳо наафтодан наврасону ҷавононро зарур аст, ки фарҳанги истифодаи интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва манфиату зарари онҳоро донанд, аз интернет самаранок ва мақсаднок истифода бурда, донишҳои техникию технологиашонро мустаҳкам намоянд.
Гуфта шуд, ки вазифаи аслии мо васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии ҷавонон аст, то онҳо ба доми хурофотпарастон, террористону ифротгароён наафтода, ҳамчун ҷавонони ватандӯсти асил ба воя расанд, барои ҳимояи Ватан ҳамеша омода ва ифтихор аз Тоҷикистон дошта бошанд. Ҷавонони мо бояд дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзанда гузошта, пеши роҳи қонунвайронкуниҳоро бигиранд.
Бо сокинон масъалаи маҳдудияти барқ шарҳу тавзеҳ дода шуда, сабабҳои воқеии норасоии барқ гуфта шуд, ки (гармшавии иқлим – моҳи якуми зимистон ба охир мерасад, лекин ҳаво ҳанӯз гарм аст, паст шудани сатҳи обанборҳо, хусусан обанбори НБО “Норак” аст). Аз ин рӯ, сокинонро мебоист барқро самаранок истфода бурдан аз қувваи барқ ва сабру таҳаммул дар баробари ин мушкилоти муваққатӣ, зеро то соли 2027 пурра маҳдудияти барқ дар кишвар бартараф хоҳад гардид.
Ҳамчунин, дар суҳбат бо сокинон Раъно Давлатзода таъкид кард, ки имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои фаъолияти пурсамари занону духтарон, алалхусус бонувони хонашин тамоми шароит ва имконияти аз худ намудани касбу ҳунар фароҳам оварда шудааст.
«Занону духтарони мо, ки болоравии сатҳи зиндагӣ ва маънавиёти оила аз онҳо вобастагии зиёд дорад, бояд аз ин имкониятҳо истифода бурда, ҳунар омӯзанд ва ба фарзандон низ дар омӯзиши касбу ҳунар кумак расонанд. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо занони ҳунарманд дар хона истода, ба ҳунарҳои мардумӣ машғул гашта, аз ин ҳисоб даромади хуб ба даст меоранд»,- афзуд Раъно Давлатзода.
Инчунин, дагар намояндагон баромад карда иброз доштанд, ки дар ин давраи бисёр ҳам печида ва ҳассоси тағйирёбии вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои манфиатҷӯ нагарданд.

Шарҳи худро гузоред

*

code