ФАЙЗОБОД.  НАТИҶАҲОИ НАЗАРРАСИ АМАЛҲОИ БУНЁДКОРОНА

print

Ноҳияи Файзобод ба монанди дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамарӯза симояшро дигар мекунад. Дар ин ҷо ба пешвози арзандаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ босуръат идома доранд. Ҳар нафаре, ки ба шаҳраку деҳоти ноҳия қадам мегузорад, шоҳиди дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мегардад. Мардуми заҳматпеша ҳама комёбиҳо: бунёди биноҳои серошёнаи истиқомативу маъмурӣ, мактабу беморхонаҳо, боғчаҳо, варзишгоҳҳо, толорҳои зебоиофар, боғу роғҳои доманфарохро аз шарофати сиёсати хирадмандона, созанда ва ташаббусу иқдомҳои дурбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонад. Зеро маҳз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ноҳия пироҳани тоза ба бар гирифт, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ривоҷу равнақ пайдо карданд. 

Вобаста ба ҷараёни иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ раиси ноҳия Холзода Бобишо Нарзулло, андешаҳояшро ба хабарнигори “Ҷумҳурият” баён намуд.

– Қобили зикр аст, ки мувофиқи нақшаи корҳои ободонӣ  ба  пешвози 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия бояд наздик ба 150 бинову иншооти таъиноташон гуногун сохта шавад, ки қисме аз онҳо, аллакай, мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар сохтмони иншооти ҷашнӣ саҳми соҳибкорон, шахсони саховатманд ва аҳолӣ назаррас мебошад. Созандагиҳо ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, варзиш ва дигар самтҳо рост меоянд. Инчунин, бунёду навсозии марказҳои хизматрасонӣ, биноҳои баландошёна, роҳу маҳаллаҳо ва гузарондани хатҳои оби нӯшоӣ на танҳо дар маркази ноҳия, балки дар деҳот ҳам ҷараён доранд.  Боиси хурсандист, ки пешравиҳо дар ҳамаи соҳаҳо ба назар мерасанд.
Мояи ифтихор аст, ки фарҳангчиёни ноҳия имсол дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён шуданд. Аз ҷумла, дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2023» зинаи дуюмро гирифтанд. Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии Файзобод низ миёни осорхонаҳои кишвар дар Озмуни ҷумҳуриявии «Оинаи таърих» ба чунин мукофот сазовор гашт. Бояд тазаккур дод, ки дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ҳашт нафар иштирок намуд. Аз ҷумла, Сироҷиддин Гулшоҳзода, омӯзгори Мактаби санъати ба номи Дӯстмурод Алиев, дар номинатсияи композиторӣ сазовори мақоми дуюм шуда, бо дипломи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва 25 ҳазор сомонӣ қадр гардид.
Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ, ҳамчунин, сездаҳ деҳаи чор деҳот бо фарогирии 2520 хоҷагӣ бояд бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин шавад. Арзиши умумии лоиҳа 4,4 миллион евроро ташкил медиҳад, ки аз он 1,8 миллион қарзи имтиёзноки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, 2,6 миллион евро гранти Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария мебошад. Барои омода ва тарҳрезии лоиҳа, ҷудо намудани кумаки техникӣ дар ҳаҷми 800 ҳазор евро низ пешбинӣ гаштааст, татбиқи лоиҳа соли 2026 ба анҷом мерасад. Ҳамзамон, аз тарафи Сафорати Ҷумҳурии Ҷопон мактаби нав дар деҳаи Заркамари Ҷамоати шаҳраки 30-солагии Истиқлол ба маблағи 132708 доллари ИМА бунёд ёфта истодааст. 
Ҳамчунин, аз ҳисоби маблағҳои грантӣ ва сармояи хориҷӣ барои марказҳои саломатӣ, беморхонаи марказӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ ба маблағи 78 миллиону 650 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ ва кишоварзӣ ворид гардид.
Дар ноҳия ба соҳаи кишоварзӣ авлавият дода мешавад
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии хоҷагии халқи ноҳия ба ҳисоб рафта, барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти баландсифат, афзун гардондани имкониятҳои содиротӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ нақши асосӣ дорад.
Ҳамин аст, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 932 миллиону 522 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33 миллиону 886 ҳазор сомонӣ беш аст. Имсол деҳқонон 8331 тонна ғалладона, 1091 тонна зироатҳои техникӣ, 7968 тонна картошка  ва 14235 тонна сабзавот ҷамъ оварданд. 
Боиси зикр аст, ки иқлими Файзобод барои парвариши меваҳои гуногун, хусусан нок, себ ва гелос, мувофиқ аст. Меваҳояш таъму лаззати дигар доранду дар ҷумҳурӣ ва берун аз он кайҳост машҳуранд. 
Соҳаи чорводорӣ низ аз самтҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ба он диққати ҷиддӣ дода мешавад. Хоҷагиҳои ноҳия дар нуҳ  моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 2539 тонна гӯшт, 1151 тонна шир, 58 миллиону 766 ҳазор дона тухм истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Аз 8720 оилаи занбӯр 85,7 тонна асал истеҳсол шуд. Инчунин, 23 хоҷагӣ ба моҳипарварӣ (амури сафед, пешонағафс ва зағорамоҳӣ) машғул буда, то ин давра наздик ба панҷ тонна гӯшти парҳезӣ истеҳсол шудааст. Роҳбарон, мутахассисон ва мутасаддиёни хоҷагиҳо, деҳотиён барои боз ҳам баланд бардоштани маҳсулнокии чорво аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебаранд.

Дар ноҳия барои дастгирии оилаҳои ниёзманд диққати махсум дода мешавад. Дар Иди Наврӯз бо дастгирию ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ноҳия се оилаи маъюб соҳиби хонаи истиқоматӣ шуд. Аз ҷумла, Хушбахт Кенҷаев, аз деҳаи Чуқураки деҳоти Дӯстмурод Алиев, ки дар оилаи ӯ се маъюб зиндагӣ мекунад. Хонаи мазкур аз се ҳуҷра иборат буда, дорои тамоми шароити замони муосир мебошад.  Маврид ба зикр аст, ки хона бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорону шахсони саховатманди деҳот  бунёд гардид.

Маҳаммадӣ  Иброим, аз деҳаи Дубедаи деҳоти Ҷавонон, парастори 4 нафар маъюб, бо хонаи наву замонавии дорои 4 ҳуҷра бо тамоми таҷҳизоти зиндагӣ таъмин гашт. Бинои мазкур ба маблағи 186 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Шарифгул Шарифова, сокини деҳаи Заркамари шаҳраки 30-солагии Истиқлол аз зумраи нафароне мебошад, ки солҳои дароз дар вагон зиндагӣ мекарду шароити хуб надошт. Ӯ ҳамеша дар орзуи хонаи нав буд, ки орзуяш ҷомаи амал пӯшид”.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва мардуми заҳматдӯст амалҳои созандаву бунёдкоронаро минбаъд низ бо ҳидояту раҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома бахшида, садоқатмандона баҳри дар амал татбиқ кардани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои барномаҳои давлатӣ, истиқболи арзандаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  тадбирҳои судманд меандешанд ва дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ, пешрафти корҳои ободониву созандагӣ, таъмини зиндагии шоистаи сокинон, шукуфоии кишвари азизамон саҳм хоҳанд гузошт.

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”

 

Шарҳи худро гузоред

*

code