Ҳамзамон, аз тарафи Сафорати Ҷумҳурии Ҷопон мактаби нав дар деҳаи Заркамари Ҷамоати шаҳраки “30-солагии Истиқлол” ба маблағи 132708 доллари ИМА бунёд ёфт. Ҳамчунин, дар ин давра аз ҳисоби 6 лоиҳаи сармоягузорӣ дар самти таъмири марказҳои саломатӣ, беморхонаи марказӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, хатҳои обӣ нўшокӣ ва корезӣ ба маблағи 27 миллиону 102 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расиданд. Ноҳия бо мавқеи ҷойгиршавӣ ва иқлими мусоид барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ дорои имкониятҳои хуб мебошад. Меваҳои ноҳия дар ҷумҳурӣ ва берун аз он кайҳо боз машҳуранд, аз ҷумла себҳои нави “Стар кримсон”, “Семиренко”, “Голден”, “Хубонӣ”, “Крепсон” ва “Чаннатан”. Айни замон дар хоҷагиҳои ноҳия 6420 гектар боғу токзор парвариш меёбад, ки 421 гектари онро токзору тутзор ташкил медиҳад. Бештари хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, ки зиёда аз 3948 ҳазорро ташкил медиҳанд, ба боғдорӣ машғуланд. Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии хоҷагии халқи ноҳия ба ҳисоб рафта, барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти баландсифат, афзун гардондани имкониятҳои содиротӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ нақши асосӣ дорад.
Имсол деҳқонон 703 тонна ғалладона, 1091 тонна зироатҳои техникӣ, 798 тонна картошка ва 14 тонна сабзавот ҷамъ оварданд. Мояи ифтихор аст, ки маорифчиёни ноҳия ба иштироки хонандагон ва фаъолияти беҳтари онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”, “Илм – фурўғи маърифат” ва олимпиадаҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Ҳамин ҳаст, ки имсол хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия Исмоил Раҳматов, Гулноза Аҳмадова, Мубориз Зубайдов дар Олимпиадаи байналмилалии фаннии Донишгоҳи байналмилалии Самарқанди Ўзбекистон аз фанни забони англисӣ медали тилло ба даст оварда, Фарида Абдуҷалолзода сазовори медали нуқра шуд. Дар Олимпиадаи мазкур 12 хонандаи муассисаҳои ноҳия аз фанҳои забони русӣ, ҳуқуқ, биология, математика, география ва физика ба гирифтани медалҳои нуқра ва биринҷӣ комёб шуд. – Дар доираи Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар назди МТМУ №43 нуҳ синфхона бо 225 ҷойи нишаст бунёд шуд.
Сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар деҳаҳои Шукурӣ ва Дўстӣ идома дорад. Инчунин, корҳои сохтмонии бинои муассисаи таълимии замонавӣ барои 1200 хонанда дар як баст дар деҳаи Элоки деҳоти Қалъаи Дашт бо маблағгузории ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дорад. – Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва мардуми заҳматдўст амалҳои созандаву бунёдкоронаро минбаъд низ бо ҳидояту раҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома бахшида, садоқатмандона баҳри дар амал татбиқ кардани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои барномаҳои давлатӣ, истиқболи арзандаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои судманд меандешанд ва дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ, пешрафти корҳои ободониву созандагӣ, таъмини зиндагии шоистаи сокинон, шукуфоии кишвари азизамон саҳм хоҳанд гузошт, – гуфт дар хотимаи суҳбат Мансур Каримзода.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”