ФАЙЗОБОД ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ МИЁНИ МАРДУМ

print

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар Ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳия вохӯрӣ доир гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба хабарнигори рӯзнома иттилоъ доданд.
Дар он раиси ноҳия Бобишо Холзода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, вакилони маҳаллӣ ва ҷавонону собиқадорони ҷамоат иштирок намуда, доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи донишомӯзӣ ва ҳунарандӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии хурӯҷи бемориҳои сироятӣ ва эмгузаронии аҳолӣ сухан гуфтанд.
Гуфта шуд, ки Паём ҳамчун дастурамали фаъолият вазифаҳоро муайян намуда, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки барои фардои гулафшони Ватани азизамон саъю талош намоем.
Прокурори ноҳияи Файзобод Хусрав Миралӣ изҳор дошт, ки мардуми шарафманди тоҷик бо амалӣ намудани нуктаҳои Паёми навбатии пурмуҳтавои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои нав сазовор мегарданд ва дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, иқтисоду саноат ва илму фарҳанги мамлакат пешравиҳои назаррас рӯи кор меоянд. Ҳамчунин, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан баҳри рушди саноати ватанӣ ва беҳзистии мардум қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, якдилона иқдом ба корҳои созанда намоем.
Раиси суди ноҳия Бахтиёр Холиқзода гуфт, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз – терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллиро қайд намуданд. Феълан пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъ ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳояшон ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Ин ҳолат мо шаҳрвандонро водор месозад, ки ба масъалаи таъмини амнияти мамлакат диққати аввалиндараҷа диҳем.

Бознашр Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”

Шарҳи худро гузоред

*

code