Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

print

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи даъвати иҷлосияи якуми
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон даъвати ҳафтум

Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум 19 марти соли 2025 соати 10-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
6 марти соли 2025
№977

 

Шарҳи худро гузоред

*

code