Чанде пеш мусобиқаи футбол байни ҷавонони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои дарёфти «Ҷоми раиси ноҳияи Файзобд» бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки чанд рӯз дар ноҳия идома дошт, ҷамъбаст ва ғолибони он муайян гардид. «Ҷоми раиси ноҳияи Файзобод»-ро футболбозони Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев сазовор гардиданд.
Ғолибони ҷойи якум шоҳчоиза автомашина, медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ, ҷойи дуюм бо медал, диплом ва туҳфаҳо ва ҷойи сеюм бо диплом, туҳфаҳо ҳавасманд гардонида шуданд.
Дар мусобиқаи имсола 8 даста, аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия фаъолона иштирок карданд.
Мухлисони сершумор аз ҳунарнамоии дастаҳои Ҷамоати деҳоти Ҷавонон ва Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев, дар вохӯрии финалӣ ба ваҷд омада, ҳаловат бурданд. Дастаи футболбозони деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев аз худ маҳорати баланд нишон дода сазовори мақоми якум шуданд.
Ҷойи сеюм насиби дастаи футболбозони Ҷамоати деҳоти Бӯстон гардид. Дар маросими ҷамъбастӣ, ки дар Рӯзи ҷавонон ва арафаи Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор гардид, роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Файзобод, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Бахтиёр Худоёрзода, раиси ноҳия Мансур Каримзода, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия ва ҷавонон иштирок карданд. Раиси ноҳия ғолибон ва тамоми иштирокчиёни мусобиқаро бо Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик намуд.
Мансур Каримзода изҳор дошт, ки ҳадаф аз баргузории чунин як бозии варзишӣ пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби шаҳрвандон ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, тарғиби васеи бозии футбол миёни аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳо, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ ва ҷалби омма ба варзиш мебошад. Боиси хушҳолист, ки Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9-уми феврали соли 2024 бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад.
Ёдовар мешавем, ки 7 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд. Бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 25 май ба таври расмӣ Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон шуд.
Бахтиёр Худоёрзода ва Мансур Каримзода дар вазъияти тантанавӣ шоҳчоиза ва «Ҷоми раиси ноҳияи Файзобод»-ро ба футболбозони деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев супурданд. Инчунин, иштирокчиёни фаъоли мусобиқа бо сипосномаву ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия сарфароз гардиданд.