ГУСЕЛИ ҶАВОНОНИ ВАТАНДӮСТИ НОҲИЯ БА МАКТАБИ ҶАВОНМАРДӢ

print
 Гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чанд соли охир ба як маъракаи хотирмон табдил ёфтааст. Бо беҳтар шудани шароит дар қисмҳои низомӣ аксар ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, барои саҳмгузорӣ дар ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ омодагӣ нишон медиҳанд. Падару модарон бо ифтихор аз писарони тарбиякарда барои иҷрои сарбаландонаи ин қарзи фарзандӣ ба аскарони ҷавон дуои хайр медиҳанд.
Дар рӯзи аввали даъват теъдоди зиёди ҷавонони синну соли даъватӣ ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ҳозир шуда, довталабона ба Артиши миллӣ пайвастанд. Чун анъана дар ин рӯз, дар ноҳия маросими тантанавии гусели даъватшудагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
 Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳия Мансур Каримзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ҳифз ва таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ мебошад, ки яке аз онҳо Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб меёбад. Имрӯз ҷавонони бо нангу номуси ноҳия барои адои қарзи фарзандии хеш дар назди Ватан-модар ба ҳам омаданд ва баҳри хизмати содиқона камари ҳиммат бастаанд.

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки хизмат ба Ватан бояд барои ҳар як ҷавон ифтихору шараф бошад. Ватанро мисли модари хеш дӯст доштан ва мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намудан қарзи ҳар як фарзанди миллат аст. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт, мактаби ҷасорату мардонагӣ мебошад. Онҳо маҳз дар давраи хизмат имкон доранд, ки моҳияти мафҳуми Ватан, давлат ва миллати худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд.
– Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар пайравӣ ба иқдомҳои шоистаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин самт корҳои муҳимро ба анҷом расондааст. Ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон мусоидат карда, дар ҳама маврид ташаббусҳои ҷавононро дастгирӣ хоҳад кард гуфт, – Мансур Каримзода.

Ҳамзамон, роҳбарияти ноҳия ба волидоне, ки фарзандонашон дар рӯзи аввали даъват ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд, сипосгузорӣ намуда, изҳори итминон кард, ки ҷавонони ватандӯст ва хештаншиноси ноҳия ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи бошарафу муқаддаси худ – ҳимояи Ватани маҳбубамонро бо сари баланд ба ҷо оварда, баҳри таъмини зиндагии осоишта ва муҳофизати марзу буми Меҳан бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо руҳияи баланди садоқат ба давлат, Ватан ва халқи хеш иҷро менамоянд.

Дар идомаи чорабинӣ наваскарон баромад карда, гуфтанд: “Мо – ҷавонони кишвар, ба боварӣ ва эътимоди Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушарраф шудаем, ки ин барои мо ифтихор ва масъулияти бузург аст. Вақте ки Пешвои миллат ояндаи Тоҷикистонро ба ҷавонон бовар карданд, гумон мекунем хизмати аввалиндараҷаи мо ба Ватани азизамон шомил шудан ба Артиши миллӣ мебошад. Фаромӯш накунем, ки хизмати Ватан қарзи имонӣ ва ҷавонмардии ҳар яки мост!”.
Инчунин, падару модарони наваскарон аз меҳру муҳаббат ва садоқат нисбат ба Ватан сухан карданд.

Дар анҷом модарони даъватшудагон бо пайгирӣ аз анъанаҳои дерин ба аскарбачагони оянда нон газонданд. Маврид ба ёдоварист, ки наваскарон пеш аз гусел ба хизмати ҳарбӣ курси ронандагиро хатм намуда, ба онҳо ҳуҷҷати ронандагӣ супурда шуд. Ҳамчунин, ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия, барномаи ҷолиби ҳунариро, ки аз суруду таронаҳои ватандӯстона иборат буд, манзури ҳозирон карданд. Бояд гуфт, ки дар рӯзи аввали даъват ноҳия 100 фоиз нақшаи даъватро иҷро кард.

 

Шарҳи худро гузоред

*

code