Дар кори иҷлосия раиси ноҳия, раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод, муовини якум, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, намояндагони комиссияи ноҳиявии интихобот, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва намояндагони мақомотҳоии ҳифзи ҳуқуқи ноҳия иштирок доштанд.
Бо садо додани Суруди Миллӣ иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати ҳафтум оғоз гардид. Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода иҷлосияро ҳусни оғоз бахшиданд.
Чанд масъалаҳо дар иҷлосияи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия ахбороти комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод, даъвати ҳафтум, раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Искандар Каримов шунида шуд.
Искандар Каримов гуфт: “Дар ноҳия барои гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод 40 ҳавзаи интихоботӣ ва 35 участкаи интихоботӣ таъсис гардид.
Ҳамзамон, вакилони тозаинтихоб тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳукуқии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» дар иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод савганд ёд карданд.
Дар иҷлосия аввалин шуда, раиси ноҳия Мансур Каримзода савганд ёд карда, дигар вакилон аз руи шумораи тартиби ин маросимро ба ҷо оварданд.
Пас аз савгагд ёд кардан, вакилон раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Мансур Каримзода, шаҳодатномаҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзободро бар онҳо супурданд.
Мансур Каримзода вакилонро ба муносибати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод интихоб гардиданашон сидқан табрик намуда, дар кор ва фаъолияти пурмасъули вакилиашон, ки баҳри рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии ноҳия ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум нигаронида шудааст, муваффақиятҳо таманно карданд.
Баён гардид, ки барои арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, таҳкими устувори суботи сиёсӣ дар ҷомеа ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазои худро гузошта, як гӯшаи диёри худро ободу зебо гардонанд.
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод, даъвати ҳафтум зери навои Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагии кишвари азизамон ҳусни анҷом бахшид.