ИҶЛОСИЯИ ПАНҶУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ БАРГУЗОР ГАРДИД

print

Санаи 29-уми декабри соли 2025, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод, даъвати ҳафтум доир гардид.

Иҷлосия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, кори онро раиси ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода-раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ҳусни оғоз бахшид.
Дар кори иҷлосия Мансур Каримзода раиси ноҳия, раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раис, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия иштирок доштанд.
Вобаста ба ҳамаи маъалаҳои дар рӯзномаи маҷлиси ҷойдошта бо овоздиҳии вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қарорҳои якдилона қабул карда шуд.
Ҳамзамон, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Мансур Каримзода оид ба ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, истифодаи замин ва ҳолати мелиоративӣ, саноат, энергетика, бонк, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, илм ва маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуда, дар назди вакилони маҷлис ва фаъолони шаҳр вазифагузорӣ намуданд.
Ҳамчунин, баён гардид, ки барои арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, таҳкими устувори суботи сиёсӣ дар ҷомеа ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазои худро гузошта, як гӯшаи диёри худро ободу зебо гардонанд.
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод, даъвати ҳафтум зери навои Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагии кишвари азизамон ҳусни анҷом бахшид.

Шарҳи худро гузоред

*

code