ИДОМАИ АЁДАТИ МОДАРОН АЗ ТАРАФИ ИВ РАИСИ НОҲИЯ

print

САД ҶОНУ ДИЛ ФИДОИ ЯК МУДДАОИ МОДАР,
ФАТҲУ КУШОИШ ОРАД, ДАСТИ ДУОИ МОДАР.

Дар арафаи Иди Модар имрӯз, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Мансур Каримзода аз беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Меҳробод дидан карданд. Зимни бозди ив раиси ноҳия аз ваъзи саломатии модарони бемор ҳол пурсиду онҳоро ба муносибати Рӯзи Модар табрик карда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супурд.
Зимни дидорбинӣ таъкид карда шуд, ки модар қиматтарин неъмати рўи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Ҳамчунин, дар хусуси таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону модарон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа изҳори назар карданд.
 Бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба модарону бонувон мебошад. Зеро нақши онҳо дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.Имрӯз модарон ва занону бонувони тоҷик дар ҷомеа мавқеи устувор доранд ва дар пешрафти Меҳан саҳми босазо мегузоранд.Ҳамзамон, модарони ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхорӣ ба занону модарон арзи миннатдорӣ намуданд. Бода гуфт, ки Мансур Каримзода, дар асоси супоришҳои Роҳбари давлат дастгирии занонро дар мадди аввал гузошта, баҳри кумаку ғамхории онҳо ҳамеша ёри мерасонанд.

               

 

Шарҳи худро гузоред

*

code