Дар мулоқот таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, соҳаҳои обу энергетика, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ, саноатикунонии мамлакат, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги аҷдодӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва дигар мавзуъҳои муҳимро фаро мегирад.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки ватандӯстӣ дар қатори эҳтиром ба арзишҳои миллӣ яке аз қисматҳои фарҳанги халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватандӯстӣ арзиши меҳварӣ буда, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» иқдоми наҷиб ва натиҷаи дастгирию татбиқи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ масъулин ба волидони хонандагон тавсия доданд, ки вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандиии худро хуб дарк намуда, фарзандонро бо роҳи рост, омӯзиши илму ҳунар ва ободониву созандагии Ватани азизамон – Тоҷикистон ҳидоят намоянд.
Тазаккур дода шуд, ки волидон бояд аз ду ниҳод мактаб ва ҷомеа дида, бештар ба тарбияи фарзандони худ таваҷҷуҳ намоянд ва онҳоро ба интихоб намудани касбҳои ба бозори меҳнат ҷавобгӯй равона намоянд.