ИДОМАИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ДАР ДЕҲОТИ ЧАШМАСОР

print

Бо мақсади омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», имрӯзҳо миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод идома дорад. Дар асоси нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроия санаи 4-уми феврали соли 2026 миёни сокинону, фаъолони Ҷамоати деҳоти Чашмасор ва кормандони касбу кори гуногун силсилаи мулоқоти судманд баргузор гардид.
Дар мулоқот роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Бахтиёр Худоёрзода, раиси ноҳия Мансур Каримзода, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия ва дигар намояндагон иштирок доштанд.
Дар оғози мулоқот раиси ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода, нишондодҳои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дода, таваҷҷуҳу ғамхориҳои инсондӯстона ва падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, бахусус дастгирӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму истироҳат барои насли наврасу ҷавон намунаи равшани боварӣ ба ояндасозони миллат арзёбӣ намуд. Дар идома Бахтиёр Худоёрзода таъкид намуд, ки бешубҳа, мардуми шарафманди тоҷик бо амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Сарвари давлат комёбиҳои нав ба нав ба даст меоранд ва дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, иқтисоду саноат ва илму фарҳанг пешравиҳои назаррас рӯйи кор меоянд. Ҳамчунин, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан рушди саноат ва некуаҳволии мардум қадамҳои устувор гузошта мешавад. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дастурҳои Роҳбари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, якдилона ба корҳои созандагӣ иқдом намоем.
Дигар намояндагон низ дар доираи нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои дастгирии давлатии ҷавонону варзиш, илму маориф, иқтисоду фарҳанг, арзишҳои таърихӣ, тандурустӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим баромад намуданд. Дар фарҷом сокинони деҳот бо ибрози сипосу ташаккур барои дастгириву таваҷҷуҳи ҳамешагӣ миннатдории худро ба Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод баён намуда, омодагии хешро ҷиҳати амалӣ намудани ҳидоятҳои роҳнамосоз ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд.

Шарҳи худро гузоред

*

code