ИДОМАИ ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО УСУЛИ “ДЕҲА БА ДЕҲА” БО СОКИНОНИ ШАҲРАКИ ВАШГИРД

print

Имрӯз, 11- уми июни соли 2025 дар кӯчаҳои А. Рӯдакӣ ва С. Гулонови Ҷамоати шаҳраки Вашгирд бо фаъолон ва сокинони он вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар вохӯрии мазкур муовини раиси ноҳия Каримзода Ҷунайдулло, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Оятулло Раҷабзода ва намояндагони дигар шуъбаю бахшҳои назди мақомоти маҳаллӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Зимни вохӯрӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, риояи намудани танзими анъана ва ҷашну маросим, истифодаи оқилонаи неруи барқ, инчунин, нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва анҷом додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар ин самт сухан гуфта шуд.

Зикр шуд, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои асосие мебошанд, ки гурӯҳу ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ бо истифода аз онҳо ва паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан наврасону ҷавононро, ки ҳолати равониашон ҳанӯз комил нест, ба сафи худ ҷалб менамоянд. Барои ба доми фиреби онҳо наафтодан наврасону ҷавононро зарур аст, ки фарҳанги истифодаи интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва манфиату зарари онҳоро донанд, аз интернет самаранок ва мақсаднок истифода бурда, донишҳои техникию технологиашонро мустаҳкам намоянд.

Зимни мулоқот муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» фаҳмонида шуданд.

 

Шарҳи худро гузоред

*

code