“Инсон метавонад тамоми умр барои як хостаи дил талош варзад, ҳатто агар дар ин пайроҳа садҳо дуроҳа бошад ҳам, хоҳиши ӯ меҳру содиқи вай ба дилу виҷдон ӯро ба мақсад мерасонад”,-мегӯяд шоираи навқалам Мутриба Маҳмадсафарзода.
Бояд гуфт, ки Мутриба Маҳмадсафарзода ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” духтараки эҷодкоре аз дили кӯҳистон, зодаи ноҳияи зебоманзари Файзобод мебошад. Ин эҷодкори навқалам дар роҳи эҷоду лавҳаофарӣ соли сеюм аст, ки қадам рӯйи майдони Озмун монда истеъдоди шеърнависии худро ба ҳакамону ҳамсабақон ва ба сокинони кишвар муаррифӣ мекунад. Ҳамин талошҳои ӯ буд, ки имсол дар озмуни мазкур аз “Наминатсияи эҷоди назму наср (бахши назм)” сазовори ҷойи дуюм гардид.
Ҳунари китобхонӣ ва суханварии Мутриба Маҳмадсафарзода, ки муҳимтарин падидаи фарҳангии се соли охир арзёбӣ мешавад, кашф ва ба ҷомеа манзур дошт. Хулосаи гап Маҳмадсафарзода бисёр духтари пурдон, ҳушманд, суханвар ва бо ҷасорат аст. Мутриба ҳанўз дар саргаҳи ҳаёт мебошад, аммо ба назар чунин менамояд, ки ба сӯйи ҳадафҳои бузург қадам мениҳад. Муҳимтар аз ҳама, иродаи қавӣ дорад, ки ӯро то охири роҳи интихобкардааш мерасонад. Инро аз суҳбат бо ӯ метавон дарёфт. Бояд зикр намуд, ки имрӯзҳо китобҳои Мутриба дастраси хонандагон аст.
Мутриба хатмакардаи МТМУ 6- и ноҳия буда айни ҳол донишҷӯи курси аввали факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамзамон, дар озмуни мазкур Санам Боева аз “Наминатсияи эҷоди назму наср (бахши наср)” иштирок намуда сазовори ҷойи дуюм шуд.
Санам бисёр духтари донишманд ва эҷод кор аст, дар баробари китобхонияш, ҳамчунин, шуъру ҳикояҳо менависад. Санам Боева, қадамҳои худро нав дар роҳи эҷод монда истодааст ва чанд китобҳам нависондааст. Айни замон донишҷӯи ДМТ мебошад.
Боиси ифтихори сокинони ноҳия ҳаст, ки чунин ҷавондухтарони боистеъдод дар ҷумҳурӣ сазовори ҷоиза гардид.
Мо онҳоро барои ғолибияташ самимона ва аз сидқи дил табрик гуфта, дар роҳу ҷодаи интихобнамудааш муваффақиятҳои навину беназир таманно дорем.