Чанде пеш ба муносибати Ҷашни 33- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Файзобод, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, раиси ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода ва роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия муассисаи таълимӣ дар деҳаи Дӯстии деҳоти Ҷавонон ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ № 43 деҳаи Чилчашмаи деҳоти Бӯстонро мавриди истифодаи хонандагон қарор доданд.
Ҳамзамон, бояд ёдовар шуд, ки дар ифтитоҳи иншоотҳои мазкур ба як қатор ятимон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.